Аз 11-уми август дар Русия асосҳои нав барои маҳрум кардани аз шаҳрвандии дарёфтаи Русия мавриди амал қарор гирифт. Ҳамакнун, барои қатъи шаҳрванди Русия қоидаҳои нав ҷорӣ шуд.

Тағйирот дар навбати аввал ба амалҳои марбут ба ифротгароӣ (экстремизм), таҳдид ба амнияти миллӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ дахл доранд. Ҳамчунин, қоидаҳои нав барои ҷиноятҳои вобаста ба зӯроварӣ (хушунат), куштор ва амалҳои шаҳвонӣ нисбати кӯдакон низ амал мекунад. Муфассалтар шарҳ медиҳем.

 

Зери мафҳуми "шаҳрвандии дарёфта" чӣ фаҳмида мешавад?

“Шаҳрвандии дарёфта” маънои онро дорад, ки шахс аз рӯйи ҷойи зода шуданаш шаҳрванди Русия набуда, баъдан,   тариқи пешниҳоди ариза, иҷрои шартҳо, савганд ёд кардан (расмиёт) шаҳрвандӣ гирифтааст. Ҳамин тариқ, тибқи қоидаҳои нав, танҳо агар "шаҳрвандӣ дарёфта (гирифташуда)" бошад, метавон аз он маҳрум шуд.  

Вале агар шахс аз рӯйи ҷойи таваллуд шуданаш шаҳрванди Русия бошад (масалан, дар қаламрави Русия зода шудааст ё волидонаш шаҳрванди Русия мебошанд), ӯро аз шаҳрвандӣ маҳрум кардан имкон надорад, ҳатто агар ӯ қоидаҳои дар зер зикргардидаро риоя накунад.

 

Акси марбут
Акс аз "Адвокатская газета"

Ҳоло бо чанд сабаб шахсро аз шаҳрвандӣ маҳрум мекунанд?

Ҳамагӣ зиёда аз 20 асоси нав барои маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ илова шудааст. Акнун ба ҷойи 64 сабаб зиёда аз 80 адад шуд.

Албатта, наметавон ҳамаи 80 сабабро ин ҷо зикр кард. Бо номгӯйи пурра метавон дар таҳрири навшудаи қонун “Дар бораи шаҳрвандии Русия” шинос шавед. Вале мо дар бораи асосҳои нав маълумот медиҳем, ки аз 11-уми август мавриди амал қарор гирифтанд.

 

Барои чӣ метавонанд шиносномаро бозпас гиранд?

Дар навбати аввал, ин асосҳо марбут ба амнияти давлат аст:

- даъватҳои оммавӣ ба терроризм;

- даъватҳои оммавӣ бар зидди амнияти давлат;

- намоишдиҳии оммавии аломату рамзҳои миллатгароӣ;

- кумак ба душман дар фаъолияте, ки дидаву дониста бар зидди амнияти Русия равона шудааст;

- ҳама гуна дигар ҷинояте, ки бо мақсади ифротгарӣ ва сафедкунии он содир шуда бошад.

Ин ба он маъно аст, ки агар шумо дар амалҳои ба ин монанд даст дошта бошед ё иштирок кунед, нисбат шумо метавонанд на танҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз кунанд, балки аз шаҳрвандии Русия ҳам маҳрум созанд.

Сурат: АГН «Москва»

 

Боз кадом сабабҳои нав илова шуданд?

Ҳамчунин, ба сифати асос барои маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ қонуншиканиҳои ҷиддӣ дар Кодекси ҷиноятӣ бо истифодаи аз зӯровариро илова карданд: куштор, таҷовузи номус аз ҷониби гурӯҳи шахсон,  амалҳои бадахлоқона нисбат ба кӯдакон ва таҳия маводи фаҳш, инчунун ташкил ё ҷалб ба фоҳишагарӣ (танфурӯшӣ). Ҳамчунин ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҳам яке аз асосҳо дониста шуд.

 

Оё истисноҳо ҳам ҳастанд?

Ҳаст. Қонун ба шаҳрвандоне, ки дар ҷумҳуриҳои эътирофнашудаи Донетску Луҳанск, вилоятҳои Херсону Запорожей, Қрим ва Севастопол зиндагӣ мекунанд, дахл надорад.

 

Пештар барои маҳрум сохтан аз шаҳрвандӣ кадом асосҳои нав ҷорӣ шуда буданд?

Пештар тасмим гирифта шуда буд, ки дар ҳолати ба қайди ҳарбӣ нагузоштан, аз шаҳрвандии Русия маҳрум мекунанд. Бандҳои калидии қонун инҳоянд:

- шаҳрвандони нав бояд дар муддати ду ҳафта пас аз гирифтани шаҳрвандӣ бояд худро ба қайди ҳарбӣ гузоранд;

- агар онҳо ин корро накунанд, ВКД маълумот дар бораи онҳоро ба комисариатҳои ҳарбӣ медиҳад;

 

Чаро номгӯйро васеъ карданд?

Муаллифони санад гурӯҳи вакилон бо роҳбарии Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия мебошанд, ки бо мавқеи шадиди худ дар масъалаи муҳоҷират маъруф аст.

“Касоне, ки ба Русия меоянд, бояд қонунҳоро риоя намоянд, забонро донанд, ба фарҳанг ва дини мо арҷ гузоранд. Албатта, касе, ки шаҳрванди Русия шудан мехоҳад, бояд ба вазифаи ҳифзи Русия уҳдадор шавад. Аммо касоне, ки мехоҳанд имтиёзу пардохтҳои иҷтимоӣ ва дигар имконот дарёфт кунанд... бояд донанд, ки ба мо чунин шаҳрвандони нав лозим нестанд”, - гуфтааст Володин.

Номгӯйи навшудаи асосҳо барои маҳрум кардан аз шаҳрвандии дарёфтаи Русия қисмате аз шадидсозии умумии сиёсати муҳоҷират дар Русия аст, ки пас аз амали террристӣ дар “Крокус Сити Холл” оғоз шуда, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун гуммонбар дар содир кардани он дар боздошт қарор доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.