Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 1045-солагии Абуалӣ ибни Сино, олим, файласуф ва мунаҷҷими машҳури халқи тоҷик намоишгоҳи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Абуалӣ Сино – мутафаккири бузурги халқи тоҷик” ҷараён дорад.

Дар намоишгоҳ зиёда аз 80 нигораҳо аз фонди тиллоии осорхона ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки зиндагӣ ва фаъолияти касбии Синоро инъикос мекунанд. Ин расму тасвирҳо дар бораи олими бузург мебошанд, ки бо тарзу усулҳои гуногун (наққошӣ, кошинкорӣ (мозаика), гулдӯзӣ, нақшунигори чӯбӣ ва кандакорӣ) иҷро шуда, аз дастнависҳои қадима, шишадон барои қалам, асбобу лавозимоти тиббӣ ва дигар ашёҳо иборатанд.

1/14

Абӯалӣ ибни Сино яке аз олимони пурмаҳсул ва адиби маъруф шинохта шудааст. Зиёда аз 450 асарҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла тибу мантиқ, фалсафа, забону адабиёт ва фарҳанг ба қалами ӯ таллуқ доранд.

Олими бузург, ки номи ӯ дар саросари ҷаҳон маъруф аст, дар ташаккули осори илмӣ ва адабии тоҷикон саҳми беандоза дошта, дар рушди илими тиб нақши калидӣ бозидааст.

1/20

Дар асари худ “Қонуни тиб” Абӯалӣ ибни Сино” донишҳои он замонро ба татриб овардаву мкаммал сохт ва иловаҳо ворид намуд. Ин китоб муддати чандин аср ба сифати дастур (энксклопедия) барои табибон хидмат карда, ба асосҳои як қатор фанҳои тибби муосир замина гузошт.

Намоишгои “Абуалӣ Сино – мутафаккири бузурги халқи тоҷик” то 1 сентябр идома меёбад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.