Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) барои дастгирии тақрибан 40 ҳазор аҳолии осебпазир ба Тоҷикистон 75 тонна ба маблағи 255 ҳазору 666 доллар ғизо кумак кардааст.
Тавре ки сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ғизои мазкур, ки дар шаҳри Лаббоки аёлати Техас аз ҷониби ширкати "Breedlove Foods" истеҳсол шудааст, омехтаи ғизоии наск, биринҷ ва сабзавотро дар бар мегирад, ки бо витамину минералҳои муҳим ғанӣ гардонида шудааст.
Ин кӯмаки ғизоӣ ба зиёда аз 140 муассисаи тиббӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои табобати сил, муассисаҳои равонпизишкӣ, марказҳои бемории саратонон ва паноҳгоҳҳо барои гурезаҳо тақсим карда мешавад.
Тақсимоти ин кумаки ғизоӣ таҳти назорати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Маркази миллии мубориза бо бемории сил ва Ҷамъияти ҳилоли аҳмар сурат мегирад.
"Ҳадафи муштараки мо наҷоти ҳаёт, беҳтар кардани саломатӣ ва расонидани кумаки воқеӣ ба оилаҳо ва ҷомеаи Тоҷикистон мебошад", – гуфтааст сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер.
Аз соли 2007 инҷониб ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 2,2 млн доллар 1000 тонна кумаки ғизоӣ кардааст. Ин ташаббус тавассути ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва шарикони калидӣ, аз ҷумла ташкилоти гайриҳукуматӣ "Авесто" ва ташкилоти гайриҳукуматии амрикоии "Resource and Policy Exchange" амалӣ мегардад.





Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста