Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостааст, "барои паст кардани шиддати фасод дар кишвар, андешидани чораҳои муассири зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва пешрафти тамоми соҳаҳои кишвар" пешниҳоду таклифҳои худро ба ин ниҳод ирсол кунанд.
Онҳо бо нашри як баёния гуфтаанд, пешниҳоди сокинони кишвар дар таҳияи барномаи муқовимат бо фасод барои панҷ соли оянда истифода мешавад.
Манбаъ гуфтааст, шаҳрвандон метавонанд то 1-уми ноябри соли ҷорӣ ба бо суроғаи электронии [email protected] ба Оҷонсии зиддифасод пешниҳоду таклифҳояшонро ирсол кунанд.
Оҷонсии зиддифасод мақсади ин иқдомро паст кардани шиддати фасод дар кишвар, андешидани чораҳои муассири зиддифасодӣ, боло бурдани сатҳи зиндагии сокинон унвон додааст.
Дар ҳамин ҳол, ин ниҳод аз сокинон хостааст, ки маълумоти рӯякӣ, бетаҳлил ва хусусияти умумидошта пешниҳод накунанд.
Бояд гуфт, ки марҳилаи аввали “Стратегияи давлатии муқовимат ба фасод дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (солҳои 2021-2025) ба итмом расида, ҳоло лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия барои марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) аз тарафи гуруҳи корӣ мавриди таҳия қарор дорад. Интизор меравад, таклифу пешниҳодоти сокинон дар Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия барои марҳилаи дуюм ворид карда шавад.
Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мизи ҳарбӣ ва заминсозӣ бо ҷурми гирифтани пора дастгир ва ҳабс мешаванд.
Ба иттилои Оҷонсии зиддифасод дар шаш моҳи аввали соли равон 1 ҳазору 245 ҷинояти корупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаро, ки аз ҷониби 710 нафар содир гардидааст, ошкор кардааст. Вобаста ба ин, 571 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 528 нафар боз шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
Бояд гуфт, ки тибқи гузориши Созмони байнулмилалии Transparency International (Шаффофияти Байнулмилал) дар бораи вазъи марбут ба фасод дар ҷаҳон Тоҷикистон дар ин шохис (индекс)-и нави дарки (қабули) “коррупсия” бо 20 имтиёз байни 180 кишвар зинаи 162-юмро ишғол кардааст.





Тағйирот ба оинномаи Иттифоқи нависандагон имкон дод, Низом Қосим бори сеюм раис интихоб шавад
Дар либоси кормандони БДА Тоҷикистон дурбинҳои назоратӣ насб мешавад
Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев соҳиби унвони Устоди байналмилалии шатранҷ шуд
Умри якасра. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар одамони аз 100-сола боло зиндагӣ мекунанд?
Дар маркази вилояти Хатлон ҳамоиши байналмилалии "Хатлон инвест Бохтар-2025" оғоз гардид
Тоҷикистонро дар "Abu Dhabi Grand Slam 2025" 10 ҷудокор муаррифӣ мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 18
Дар Тоҷикистон омӯзгорону кӯдаконро ба пахтачинии “ихтиёрӣ” маҷбур мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 ноябри соли 2025
“Ман меравам, Сармаддеҳ мемонад”. Аз даргузашти Баҳманёр – шоҳаншоҳи “сарзамини ормонӣ” 5 сол гузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста