Имрӯз нашриёти “Ирфон”, ки нахустин нашриёти серсоҳаи Тоҷикистон дар солҳои 20-30-и асри гузашта буд, садсола шуд. Ба ин муносибат, мо аз таърихи ин нашриёт ёд оварда, пиромуни набзи имрӯзаи он ва мизони нашри китоб дар он қисса мекунем.
Аввалин саҳифаҳо
Нашриёти “Ирфон” сад сол қабл, 7-уми октябри соли 1925 бо номи Нашриёти давлатии Тоҷикистон таъсис ёфт ва то солҳои 60-уми асри пор ягона нашриёти серсоҳа буд, ки дар он тамоми намуди адабиёт, аз китобҳои дарсии мактабҳои ҳамагонӣ то китобҳои илмӣ, сиёсӣ ва оммавӣ ба табъ мерасиданд.
Мудири аввалини ин муассисаи навтаъсис Абулқосим Лоҳутӣ таъин гардида, роҳбарии корҳои эҷодии он ба зиммаи устод Садриддин Айнӣ гузошта шуд. Ҳамкории ин ду шахсияти муътабари илм ба оғози давраи тозае дар таърихи китобчопкунӣ дар кишвар асос гузошт.
Дар оғози фаъолияти ин муассиса як зумра шахсиятҳои барҷастаи илму адабиёти тоҷик дар он заҳмат кашидаанд, ки заминаи ташаккули “Ирфон” будааст. Аз ҷумла, Сайидризо Ализода, Абдусалом Деҳотӣ, Раҳим Ҳошим, Пайрав Сулаймонӣ, Ҳаким Карим, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Мирсаид Миршакар, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Боқӣ Раҳимзода, Фазлиддин Муҳаммадиев ва Қутбӣ Киром солҳои гуногун дар ин нашриёт муҳаррир будаанд.
Соли 1964 нашриёт номи рамзии “Ирфон”-ро гирифт, ки маъниаш “донишу маърифат” аст. Соли 2000 номи он ба Муассисаи нашриявии “Ирфон” иваз шуд.
28-уми декабри соли 2006 “Ирфон” ҳамчун муассисаи тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мақоми расмии давлатӣ гирифт.

Аз 15 ҳазор ба 6 миллион
Нашриёт дар соли аввали фаъолияти худ ҳамагӣ 8 китоб бо теъдоди 15 ҳазор нусха ба табъ расонд. Аммо баъди сад сол он ба миллионҳо расидааст.
Абдувалӣ Абдураҳмонзода, роҳбари имрӯзаи нашриёти “Ирфон” гуфт, то имрӯз 6 миллмону 200 ҳазор нусха китоби дар сад сол чопкардаи ин нашриёт сабт шудааст, вале шояд ин теъдод зиёдтар бошад, зеро гурӯҳи махсус ҳоло осори нашркардаи ин муасиссаро таҳқиқ мекунад.
“Гурӯҳи олимону донишмандон, ки дар ҳамин самт кор мекунанд, дар Хонаи китоби Тоҷикистон, ки ягона махзани илмии ҷамъоварии китоб аст ва тамоми осори нашршуда он ҷо ҷамъоварӣ мешавад, таҳқиқ гузаронида, осори дар “Ирфон” чопшударо ҳисоб карда истодаанд ва интизор меравад, ки то охири сол ин кор анҷом мешавад”, - гуфт роҳбари ин муассиса.
Дар даҳ моҳи соли 2025 бошад, ин нашриёт 45 номгӯ китоб бо теъдоди 23 ҳазор нусха ба табъ расонидааст.
Имрӯз “Ирфон” ба нашри китобҳои илмӣ, адабӣ таърихӣ, бадеӣ ва сиёсӣ машғул аст ва ба қавли Абдувалӣ Абдураҳмонзода “дар сад соле, ки фаъолият дошт, рисолати худро анҷом додааст ва дар замони соҳибистиқлолӣ ба таҳкими нашри китоб талош дорад”.
Ба гуфтаи ӯ, дар ду соли охир китобҳои нашрнамудаи “Ирфон” дар ҳамоишҳои бузурги ЮНЕСКО дар Париж, ки ба муносибати бузургдошти адибони барҷастаи мо, чун Мавлонову Ҳофиз доир мешавад, намоиш дода шуда, аз ҷониби олимону фарҳангиёни ҷаҳонӣ хуш истиқбол ёфтааст.
“Аз ҷумла, ба муносибати бузургдошти Мавлоно китоби “Гулчини ғазалиёт”-и ӯ бо забонҳои англисӣ, русӣ, тоҷикӣ ва хати форсӣ, инчунин маҷмуи рубоиёти Мавлоно бо унвони “Ҷоми ҷон” бо се забон нашр шуда, ба ҳамоишҳои байналмилалӣ роҳ ёфтанд”, - мегӯяд Абдураҳмонзода.
Ба муносибати 700-солагии Ҳофиз низ ду китоб – “Гулчини ғазалиёт”-и ӯ бо забонҳои тоҷикиву англисӣ ва хати форсӣ, инчунин китоби “Хурӯше аз арш” бо се забон ба табъ расида, дар он 200 расми Тоҳири Назар, мусаввири ин нашрия баргирифта аз ғазалҳои Ҳофиз истифода шудааст.
Ҳамчунин нашриёт дар соли равон ба адабиёти ҷаҳонӣ рӯ оварда, китобҳои “Алвидоъ, Гулсарӣ”-и Чингиз Айтматов ва “Доғистони ман”-и Расул Ғамзатовро бо забони тоҷикӣ нашр кардааст.

“Силсилакитобҳои кӯдаконаро нашр мекунем”
Ба гуфтаи роҳбарияти “Ирфон”, нақша доранд, ки минбаъд ба адабиёти ҷаҳонӣ низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, осори бузургтарин адибони ҷаҳониро бо забони тоҷикӣ ба хонандаи тоҷик пешниҳод кунад.
Ҳамчунин, имрӯз нашриёт тасмим гирифтааст, ки силсилаи китобҳои кӯдаконаро нашр кунад ва рӯйи лоиҳаи он корбарӣ дорад.
“Аз “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ, “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ, осори Мавлоно ва дигар бузургони адабиёти классики тоҷик осори муносибро барчида, ба таври сода ва фасеҳ ва бо шарҳ ба кӯдакон пешниҳод мекунем, ки мувофиқ ба дониш, фаҳмиш ва иродаи кӯдакон бошад”, - тавзеҳ медиҳад роҳбари муассиса.
“Бо ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо рисолати нашриёти “Ирфон” ҳам зиёд мешавад, чун дар ин аср таҳмил кардани як фарҳанг рӯйи фарҳанги дигар шиддат гирифта истодааст ва мо осореро нашр ва пешниҳод мекунем, ки барои манфиатҳои миллӣ бошад”, - хулоса мекунад Абдураҳмонзода.





Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста