Аз 1-уми октябр дар Тоҷикистон моякӯбии духтарони 10-14 сола бар зидди вируси папилломаи одам (ВПО) идома дорад. Ин вирус барангезандаи бемориҳои хатарнок, мисли саратони гарданаки бачадон мебошад.

Барои фарогирии бештари духтарон, дар чанде аз мактабҳои кишвар нуқтаҳои моякӯбӣ ташкил шудааст. Ҳамарӯза кормандони тиб духтарони 10-14-соларо дар ин нуқтаҳо ваксина мезананд, аммо на ҳама волидон ба ин розианд.

Гузориши “Азия Плюс”-ро аз раванди маъракаи моякубӣ дар мактаби №55 ноҳияи Шоҳмансури пойтахт тамошо кунед.

 

Чаро моякӯбии духтарон бар зидди вируси папилломаи одам муҳим аст? Дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.