Комиссияи олии аттестатсионӣ корҳои илмии давоми соли ҷорӣ ба ин муассиса воридшударо таҳлил карда, ошкор намудааст, ки дар омода намудани матни беш аз 100 диссертатсия ва автореферат аз ҳуши маснӯӣ истифода шудааст. Ин муассиса гуфтааст, шумораи корҳои илмие, ки “бо чунин ҷурм таҳия шудаанд”, дар муқоиса бо аввали сол 6 маротиба бештар аст.
Тибқи оморе, ки ин ниҳод нашр кардааст, моҳи январи имсол 5 ҳолати истифода аз ҳуши маснӯӣ дар корҳои илмӣ ошкор шуда, дар моҳи сентябр ин шумора ба 28 адад расидааст.
Комиссияи олии аттестатсионӣ гуфтааст, беш аз ҳама дар бахши илмҳои таҳсилот, иқтисодиёт ва сиёсатшиносӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода шудааст. Аз ҷумла, дар бахши таҳсилот 42 ҳолат, иқтисодиёт 28 ҳолат ва сиёсатшиносӣ 10 ҳолати истифодаи ҳуши маснӯӣ муайян шуда, дар самтҳои дигар, аз ҷумла филологияву ҳуқуқшиносӣ (6 ҳолат), техника ва технология (5 ҳолат), таърих (3 ҳолат), кишоварзӣ ва тиб (1 ҳолат) низ истифодаи он ошкор гардидааст.

Ин муассисаи илмӣ довталабони дараҷа ва унвонҳои илмиро ҳушдор додааст, ки аз истифодаи чунин усулҳо худдорӣ кунанд.
“Минбаъд, рӯйхати довталабоне, ки дар диссертатсия ё автореферати онҳо истифодаи зеҳни сунъӣ ошкор мегардад, дар сомонаи расмӣ нашр карда мешавад”, - ҳушдор додааст КОА.
Бояд гуфт, ин аввалин ҳушдори КОА аз истифодаи ҳуши маснӯӣ дар корҳои илмӣ аст, аммо асардуздии олимон тоҷик мушкилест, ки солҳо инҷониб таъкид мешавад. Пойгоҳи “Диссернет” борҳо рӯйхати олимони тоҷикро, ки дар кори илмиашон асардуздӣ ошкор шуда буд, расонаӣ кардааст.
Моҳи майи соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар низ дар мулоқоти худ бо аҳли илм ва маориф аз асардуздии олимони тоҷик интиқод карда гуфт, то имрӯз пойгоҳи “Диссернет” 150 ҳолати асардуздии олимони тоҷикро ошкор намуда, дипломи 7 нафари онҳо беэътибор эълон шудааст.
Ҳамчунин ӯ аз кори Комиссияи олии аттестатсионӣ интиқод карда гуфт, ин муассиса барои ислоҳи вазъ ва пешгирии чунин амалҳои номатлуб чораҳои муассир намеандешад.
“Як қисми унвонҷӯён рисолаи илмии номзадиро худашон наменависанд ва ҳатто моҳияти онро дарк намекунанд. Ҳимояи рисолаҳо тибқи сенарияи пешакӣ сурат мегирад, ки аз фаъолияти сохтакоронаи шӯроҳои ҳимоя гувоҳӣ медиҳад”, - гуфта буд раисҷумҳур.
Бояд гуфт, дар байни довталабони унвонҳои илмие, ки дар корҳои илмиашон асардуздӣ ошкор мешавад, мансабдорон ва кормандони мақомоти баландпоя низ ҳастанд.




Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста