Аз 12 октябр дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) барои шаҳрвандони кишварҳои сеюм системаи нави бақайдгирии электронии вуруд ва хуруҷ (Entry Exit System, EES) мавриди амал қарор гирифт. Дар ин бора Медуза бо истинод ба сомонаи Мудирияти кулли муҳоҷират ва умури дохилии Комиссияи Аврупо хабар медиҳад.
Системаи нав ба шаҳрвандони кишварҳои сеюм, аз ҷумла Тоҷикистон дахл дорад, ки сарҳадҳои 29 кишвари минтақаи Шенгенро бо сафарҳои кӯтоҳмуҳлат то 90 рӯз дар муддати ним сол убур мекунанд.
Барои шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, дорандагони раводид (виза)-и дарозмуҳлат ё Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) навбатҳои ҷудогона роҳандозӣ мешаванд.
Дар система сана ва макони вуруд ё хуруҷ, инчунин ҳолатҳои рад шудан барои вуруд сабт мешаванд.
Дар ҳолати якум бор гузаштан аз марз бояд аз қайд гузашт, ки аз пешниҳоди маълумоти биометрӣ - аксбардорӣ ва супурдани изи ангуштон, инчунин нусхабардор (скан кардан)-и шиноснома иборат аст.
Ҷорисозии ситемаи мазкур тадриҷан дар муддати ним сол, шурӯъ аз 12 октябр амалӣ мешавад.
Аз 10 апрели соли 2026 система низоми амалкунандаи бо дастӣ муҳр гузоштан дар шиносномаҳоро пурра иваз мекунад.
Дар Комиссияи Аврупо зикр кардаанд, ки системаи нав ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, самараноктар ошкор намудани шахсоне, ки муҳлати будубошро риоя намекунанд, инчнуин ошкор сохтани ҳолатҳои сохтакории ҳуҷҷатҳо ва шаҳодатномаҳои тасдиқкунандаи шахсият кумак мекунад.





Изҳороти ҷавонони тоҷик дар СОР30 рӯнамоӣ мешавад. Онҳо барои ҳалли мушкилоти марбут ба иқлим чӣ пешниҳод карданд?
Дар Тоҷикистон паёмрасони миллии “ORIZ” ба фаъолият оғоз кардааст
Ҷазои 1 ҳазору 312 падар ва модар дар Душанбе барои таълиму тарбияи нодурусти фарзандонашон
Аз Турсунзодаву Қаноат то Низорамоҳ Зарипова. Китоби наве бо унвони “Тоҷикистон дар масири сулҳ” интишор шуд
Раиси КДАМ-и Қирғизистон гуфт, то имрӯз бо Тоҷикистон чанд хона, иншооти иҷтимоӣ ва замин табодул шудааст
Куштори пурсарусадо дар Рӯдакӣ. ВКД бори аввал аксу ҳувияти гумонбарро ошкор кард
280 нуқтаи фурӯш ва 20 мағоза сӯхтаанд ё зарар дидаанд. Мақомот сӯхтор дар бозори Панҷакентро шарҳ доданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 20
Тоҷикистону Эрон хатсайрҳои нави ҳавоӣ боз мекунанд: ба Киш ва Машҳад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 ноябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста