Аз моҳи сентябри соли равон тамоми мактабҳои Тоҷикистон ба низоми 10-хола гузаштанд. Ҳамакнун сатҳи донишу омодагии хонандагон аз 1 то 10 баҳогузорӣ мешаванд. Дар низоми ҳамакнун пешин, ба ҳар як баҳо боз аломатҳои "+" ё "-" илова мекарданд, ки он ҳам сатҳи дониши хонандаро нишон медод. Масъулин яке аз ҳадафҳои гузаштан ба ин низомро "муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон" гуфта буданд.
Вале волидайни бархе хонандагон ба "Азия-Плюс" гуфтанд, дар ин низом ҳам бархе омӯзгорон ҳамроҳи баҳо аломатҳои "+" ё "–" мемонанд ва ё "хуб", "хубтар" ва ё "бад", "қаноатманд" менависанд. Мо кӯшиш кардем, маълум намоем, ки ин аломатҳо ва ё навиштаҳо чӣ маъно дорад ва ҳамчунин, низоми 10-холаро ба баҳогузории пешина муқоиса кардем.
Аз Вазорати маориф ва илми кишвар гуфтанд, ки дар низоми баҳогузории 10-хола аломатҳои “-” ва “+” гузошта намешавад. Ин аломатҳо дар низоми пешина барои баҳогузории сатҳи омадагии хонанда истифода мешуданд.
Дар тасвирбаёни зерин бо тафсири баҳоҳо ва муқоисаи онҳо бо баҳоҳои пешина шинос шавед.
Ба гуфтаи Вазорати маориф ва илми кишвар ин низоми баҳогузорӣ бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсил, сатҳи дониш, малака ва маҳорати амалии хонандагон, муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои минбаъдаи таҳсил, баҳогузории воқеии дониш, малака ва маҳорати хонандагон ва ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ҷорӣ карда шудааст.
Сокинон дар бораи ин низом то ҳол назари мушаххас надоранд. Бархеҳо аз ин навгонӣ ҷонибдорӣ карда, мегӯянд, он хонандагонро ба таҳсил шавқманд мекунад. Қисми дигар бошад, бар он назаранд, ки низоми нав вазъро тағйир намедиҳаду танҳо сарфаи вақт аст:
Таҷрибаи дигар кишварҳо. Норозиҳо ҳам ҳастанд
Ин дар ҳолест, ки бархе аз кишварҳо бо гузашти солҳо аз нофаҳмӣ ва мушкилиҳои низоми 10-хола нигаронӣ кардаанд. Аз ҷумла Белорус, ки аз соли 2002 пурра ба ин низоми баҳогузорӣ гузашта буд, бо гузашти 15 сол изҳори норозигӣ кардааст.
Аз ҷумла, Василий Жарко, собиқ муовини сарвазири ин кишвар соли 2017 тарзи баҳогузории ин низомро интиқод карда, пешниҳод намуда буд, ки баҳогузорӣ ба низоми пешинаи 5-хола баргардонида шавад.
Ӯ гуфт, ки нофаҳмиҳо дар ин низоми баҳогузорӣ хело зиёд аст.
“Фарқият байни баҳогузории 6 ва 7 ё 8 ва 7 дар чист? Ҳоло он, ки як муаллим ба хонанда 6, дигаре 7 мегузорад, дар умум ҳар ду ҳам ҳамон баҳои 3-и пешина аст” – илова намудааст ӯ.
Ҳарчанд, аз пешниҳоди собиқ муовини сарвазири Беларус 8 сол гузашт, аммо дар маткабҳои ин кишвар то ҳол низоми 10-хола фаъол аст.
Аз соли 2006 Арманистон, аз соли 2007 Гурҷистон ва аз соли 2018 дар Латвия низ пурра ба ин низоми баҳогузорӣ гузаштанд.





Мақомоти Молдова мехоҳанд бо Тоҷикистону Қирғизистон реҷаи раводид ҷорӣ кунанд
Эмомалӣ Раҳмон: “Бовар дорам, ки кормандони милитсия ба савганди худ ҳамеша содиқ мемонанд”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 ноябри соли 2025
Нурулло Абдуллоев: “Дар марги Маҳмудҷон Воҳидов тамоми Тоҷикистон мотам дошт”
“Муаллими пиёда”. Қиссаи омӯзгоре, ки барои дарсгӯӣ 5 километр роҳро пиёда тай мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 ноябри соли 2025
Гулҷаҳон Бобосодиқова: “Ҳоло вақти хонашинӣ нарасидааст”
Маконҳои зебои Душанбе ва атрофи он барои аксбардории домоду арӯс
Парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Самарқанд пурра бекор шудаааст
Тоҷикистон лоиҳаҳои сармоягузории худро дар нишасти тиҷоратии Осиёи Марказӣ ва ИМА муаррифӣ кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста