Гулҷаҳон Бобосодиқова, ходими давлатӣ ва як аз бонувони саршиноси тоҷик, имрӯз, 8-уми ноябр, ба 88-солагӣ қадам гузошт. Ӯ хатмкардаи риштаи математикаву физикаи Донишкадаи давлатии Тоҷикистон буда, адолатхоҳӣ ва шуҷоат ӯро ба ҷодаи идораи давлатӣ овардааст. Номбурда солҳо ба ҳайси котиби идеологӣ дар Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон фаъолият доштааст.
Роҳи пешанамудаи ин бонуи тоҷик сангин ва пурпечутоб буд, аммо ӯ бо масъулиятшиносӣ ва кордонӣ ин пайроҳаро тай намуда, тавре худаш мегӯяд, ҳеч пушаймонӣ накардааст.
“Азия-Плюс” чанд сол пеш зимни як сӯҳбати кӯтоҳи табрикотӣ аз Гулҷаҳон Бобосодиқова дар хусуси машғулиятҳои имрӯзааш пурсид.
- Солгарди нави умр чӣ гуна истиқбол мегиред?
- Ман имрӯзро, ба хилофи одати ҳаррӯзаам, пурра дар хона мегузаронам ва нияти ба ҳеҷ ҷое рафтанро надорам. Аллакай хешовандон, дӯстон ва шогирдонам барои табрики зодрӯзам омаданд, ки маро хеле хушҳол карданд. Телефонам ҳам ором намегирад ва ҳар лаҳза ёру дӯстон занг зада, ба мавлудам табрик мекунанд. Паёмҳои зиёд ҳам омадааст, ки фурсат даст надод, то посух гардонам. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам борони табрикот мерезад. Аз ҳамаашон сипосгузорам!
- Гуфтед, бар хилофи одат, имрӯзро дар хона мегузаронед. Магар ҳоло ҳам бо корҳои ҷамъиятӣ зиёд банд ҳастед?
- Бале, ман агарчи нафақахӯр ҳастам, вале ҳоло ҳам қариб дар хона наменишинам. Маро ба чорабиниҳои давлативу ҷамъиятӣ зиёд даъват мекунанд, аз таҷрибаам истифода карданӣ мешаванд. Бо сохторҳои давлативу ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамвора кору ҳамкорӣ карда истодаам. Рӯз ба рӯз кори ҷамъиятии маро зиёд мекунанду кам не.
Бояд гӯям, ки на фақат чанд диплом гирифтам, балки мактаби зиндагиро гузаштам. Ҳоло бояд аз таҷрибаи касбкардаам барои пешравии давлату миллатам истифода барам. Фикр намекунам, ки вақти хонашинии ман расидааст, то замоне қувват дар тан дорам, дар хидмат мемонам. Хушбахт ҳастам, ки аз таҷрибаи кору ҳаётам ба ҷавонҳо манфиат мерасонам ва хурсандам, ки барои давлату миллатам нафъ мерасонам.

- Шуморо бештар бо кадом мавзӯъ ва масъалаҳо ба чорабиниҳои давлативу ҷамъиятӣ даъват мекунанд?
- Дар масъалаҳои баробарҳуқуқии зану мард, таҳсили духтарон, зан дар сиёсат, пешгирии зӯроварӣ нисбати занҳо, муҳоҷират, иқтисодиёт ва ғайра ба мизҳои мудаввар, конфронсҳо ва дигар маъракаҳои даъват мекунад. Ман ҳам мекӯшам, ки дар ҳамаи он ширкат варзам, пешниҳоди худро гӯям ва мушкилотро ба самъи масъулин расонам.
Ман фикр мекунам, ҳама пешниҳодоте, ки мо ироа мекунем, аз ҷониби сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ мешавад. Бовар дорам заминаи ҳуқуқие, ки мо барои ҳуқуқи занон дар замони истиқлол гузоштем, дар оянда саҳифаи хушбахтии онҳоро боз мекунад.
- Аз Шумо то ҳол чун нафари соҳибтаҷриба дар соҳаи идораи давлатӣ маслиҳатҳо мепурсанд?
- Бале, бо ҳар гуна дархостҳо занг мезананд ва ба хонаам меоянд. Шогирдонам зиёд муроҷиат мекунанд. Агар кам ҳам бошад, хушбахтам, ки то имрӯз барои хушбахтии занони миллатам саҳм мегузорам.
- Ба зиндагии гузашта чӣ нигоҳе доред ва аз худ розӣ ҳастед?
- Ифтихор мекунам ва аз худам розиям. Солҳоеро, ки котиби аввали Кумитаи комсомоли пойтахт ва ҷумҳурӣ будам, саҳифаҳои тиллоии умрам ҳисоб мекунам. Фикр мекунам, ки дар ин солҳо корҳои хуберо барои миллату давлатам анҷом додам.
- Ин роҳро барои Шумо кӣ ҳамвор кард ва аз чӣ имрӯз ифтихор мекунед?
- Ман бисёр аз волидонам, ба вижа аз модарам миннатдорам. Нахустин қадамҳои мемондаамро маҳз модарам ҷонибдорӣ мекарданд ва бароям рӯҳия мебахшиданд. Шавҳарам ҳам марди бузурге буданд ва барои ҳама корҳои анҷомдодаям шарик ва мададгорам ба ҳисоб мерафтанд. Барои тарбияти фарзандонам ҳам саҳми бузургро ин ду нафар гузоштаанд. Аз ҳамаашон мамнун ҳастам.
- Дар охир ба ҳамватанон чӣ паёме доред?
- Барои миллатам ваҳдати комил мехоҳам!





Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста