Шоми дирӯз, 19-уми ноябри соли равон дар театри “Аҳорун” ба номи Муҳаммадҷон Қосимов намоиши “Достони Пирсар” бо коргардонии Нозим Меликов, ки аз маъруфтарин коргардонҳои кишвар ва аз шогирдони Фаррух Қосимов аст, бори аввал ба саҳна гузошта шуд.
Дар миёни аҳли санъат, ҳунармандон, зиёиён, рӯзноманигорон ва ҳаводорони санъати театрӣ, ки ба тамошои нахустнамоиши “Достони Пирсар” омада буданд, аз ҷумла, Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги кишвар ҳамроҳи муовинаш низ буданд. Дар маҷмуъ, театр аз тамошобинон пур буд ва ҳатто аксарият дар роҳравҳо намоишро тамошо мекарданд.
Ин аз камтарин намоишномаҳое буд, ки вазири фарҳанг шахсан дар он ширкат мекунад.

“Ишқ низоъро барҳам мезанад”
“Достони Пирсар” бар пояи достони “Зол ва Рудоба”-и “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ таҳия шуда, қиссаи ба ҳамагон маъруфи Золро, ки дар кӯдакӣ аз падар ҷудо шуда, дар оғӯши Симурғ бузург мешавад, бо тибиши нав пеши назари бинанда ҷилва дод.
Исми "Пирсар" ҳамчун гузинаи дигари "Достони Зол" истифода шудааст, зеро Зол, писари Сом бо мӯйи сафед таваллуд шуд ва вожаи "пирсар" ишора ба сафедии мӯйи сари ӯст.
Ба гуфтаи худи Нозим Меликов, паёми асосии ин намоиш васфи ишқ аст:
“Ишқ, чуноне Достоевский мегӯяд, “наҷотдиҳандаи зиндагист”, ишқ низоъро барҳам мезанад, ишқ тавлидкунандаи сулҳ аст, ишқ одамонро ба ҳам меорад, гармӣ медиҳад, офтоб меорад, ишқ хусуматҳои мазҳабиро аз байн мебардорад, пайвандгар, васлкунанда, бунёдкор аст, ишқ ҷон аст”.
Баъди анҷоми намоиш ҳозирин чанд дақиқа бо кафкӯбии бардавоми худ аз намоиш истиқбол карданд. Тамошобинон дар роҳравҳои толор ва берун аз он низ аз ҳунари коргардонии Нозим Меликов тавсиф ва аз дидани дубораи ӯ дар саҳна изҳори хушҳолӣ мекарданд.
Ин намоиш баъди ду соли танаффуси Нозим Меликов аз коргардонӣ ба саҳна омад. Охирин намоишномае, ки қабл аз ин ӯ рӯйи саҳна овард, “Иштибоҳ” буд, ки соли 2023 дар озмуни “Парасту” мақоми аввалро соҳиб гардид.
Нозим Меликов ҳоло коргардони Театри давлатии ҷавонон буда, бо даъвати роҳбари Театри Аҳорун дар ин театр намоиш ба саҳна гузошт.
Аксари ҳунармандон, бо таъкиди он ки Нозим Меликов парвардаи дасти “Аҳорун” аст, дар толори ин театр ба саҳна омадани намоиши “Достони Пирсар”-ро фоли нек хонданд.
Ҳамчунин таъкид намуданд, ки ин намоиш “ҳавое аз корҳои собиқаи Театри Аҳорун дошт” ва метавон услуби корҳои Фаррух Қосимро дар он дид.
Ба гуфтаи коргардон, намоишнома тақрибан дар ҳудуди ду моҳ таҳия шудааст.
Бояд гуфт, Нозим Меликов парвардаи мактаби Фаррух Қосим аст, ки дар охири солҳои 80-уми асри гузашта дар фазои ҳунари театрии тоҷик илқилоб ба вуҷуд овард ва мактаби театри миллиро асос гузошт.
Нозим Мелик дар тӯли фаъолияташ беш аз 14 ҷоизаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро ба хазинаи театрӣ овардааст. Ӯ аз аввалин коргардонҳои театр аст ки театри оҷикро то ба он сӯи Уқёнус – Амрико бурд.




Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста