Рӯзи 29-уми ноябр дар бозори “Меҳргон” -и шаҳри Душанбе Фестивали картошка ва намоишу фурӯши он баргузор шуд. Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳамоиш ба як майдони муаррифии дастоврадҳои кишоварзон, таҳкими ҳамкорӣ миёни истеҳсолкунандагон ва бахши илм табдил ёфта, ҳамчунин ба таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат ва дастрас мусоидат намуд.
Манбаъ гуфт, ҳадаф аз баргузории чорабинӣ "тарғиби рушди маҳсулот, муаррифии дастранҷи деҳқон, мубодилаи таҷриба ва ҳамоҳангсозии илм бо истеҳсолот мебошад. Ҳамзамон, дар он барои сокинони пойтахт ва иштирокдорон намудҳои гуногуни картошка ва хӯрокҳои омодашуда аз он ба намоиш гузошта шуда, инчунин ярмаркаи фурӯши картошка барои харидорон бо нархҳои дастрас пешниҳод карда шуд.
Тибқи иттилои расмӣ, соли 2025 дар майдони 64,3 ҳазор гектар картошка шинонида шуда, то 1-уми ноябри соли равон зиёда аз 1,2 млн тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки 69 ҳазор тонна зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Ҳоло асосан картошкаи тухмии навъҳои ватанӣ аз қабили “Тоҷикистон”, “Файзобод”, “Заррина” “Шукрона”, “Нуриниссо”, “Каримӣ”, “Овчӣ”, “Ғончӣ” ва навъҳои хориҷии “Эволюшен”, “Аризона”, “Пикасо”, “Алладин”, “Кардинал”, “Бигроза”, “Гала”, “Ред-Скарллет”, “Манитоу” кишт карда мешаванд, ки аз ҳар гектар аз 300-700 сентнерӣ ҳосил рӯёнида шуда истодааст.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи ҳамоиши мазкур, барои сокинони шаҳри Душанбе 200 тонна каротошка бо нархҳои дастрас ба фурӯш гузошта шуд.
Иштирокчиёни фаъол бо диплому сипоснома ва туҳфаҳо ва ҷониби Вазорати кишоварзии Тоҷикистон қадршиносӣ шуданд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста