Аз 1-уми январи соли 2026 дар аксари минтақаҳои Русия арзиши иҷозатномаи кор ё патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ боло рафт. Имсол муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҳама бештар дар минтақаи Краснодар (27 283 рубл) ва аз ҳама камтар дар ҷумҳурии Чеченистон (3 ҳазору 410 рубл) маблағи патент месупоранд.
Дар пайи гарон шудани нархи патент, намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия рӯйхати нархи патент дар минтақаҳои ин кишварро нашр кард. Бо нархи муҷаввизи кор барои муҳоҷирони корӣ дар аксари шаҳру минтақаҳои Русия дар баргаҳои мо шинос шавед:
Қаблан, арзиши муҷаввизи кор дар минтақаҳои калони Русияро гирдоварда будем, ки онро дар ин пайванд метавонед бубинед.
Ҳоло “патент” ба муҳоҷирон дар Русия ҳуқуқ медиҳад, ки дар як минтақа ва соҳаи муайян кор кунанд. Барои доштани “патент” муҳоҷирон пул пардохт мекунанд, ки арзиши моҳонаи он дар минтақаҳои Русия гуногун аст.
Дар ин матлаби мо дар бораи тағйиру иловаҳое, ки давоми соли 2026 дар қонунгузории Русия дар самти муҳоҷират ворид шуданд, маълумоти бештар пайдо кунед.




Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод
Қонуни афв барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард
Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд
“Мехоҳанд муносибати моро бо давлати Чин вайрон кунанд”. Додситони кул даргириҳо дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро шарҳ дод
“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод
“Парвандаи Абдуллозода рӯзҳои наздик ба додгоҳ меравад”. Раиси Оҷонсии зиддифасод гуфт, ки чаро роҳбари пешини Фурудгоҳи Душанбе дар озодӣ аст
Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст
“Дар баррасии ҳукумат аст”. Дар Тоҷикистон ҳанӯз корхонаи коркарди “аккумулятор” мавҷуд нест
Ду сол боз дар Тоҷикистон ягон ҳукми сафед содир нашудааст. Раиси Додгоҳи олӣ сабаби инро шарҳ дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста