Қаҳрамони асосии филми “Моҳӣ дар шаст” Абдулло Абдураҳимзодаи 10-сола (Далер) дар Синамоҷашнвораи байналмилалии Даккаи Бангола соҳиби ҷоизаи байналмилалии “Таҳсини вижа” гардидааст.
Дар ин бора аз “Довфилм” ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ки ҷашнвора рӯзҳои 10-18-уми январ дар пойтахти Бангола баргузор шуд.
“Дар ҷашнвора 245 филм аз саросари олам ширкат дошт. Миёни онҳо Абдулло Абдураҳимзода, ки дар филми “Моҳӣ дар шаст” дар нақши Далерро бозӣ кард, таваҷҷӯҳи ҳакамони байналмилалиро ҷалб кард ва Ҷоизаи байналмилалии “Таҳсини вижа” насиби филми мо шуд”, - гуфтанд аз “Довфилм”.
Ба гуфтаи манбаъ, ин панҷумин ҷоизаи филми “Моҳӣ дар шаст” буда, то кунун филми мазкур дар синамоҷашнвораи миллии “Тоҷи Сомон” соҳиби Шоҳҷоиза, дар синамоҷашнвораи байналмилалии Исфаҳон соҳиби Ҷоизаи хосаи ҳакамон ва дар синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” соҳиби ҷоизаҳои “Беҳтарин оҳангсоз” ва Шоҳҷоиза шуда буд.
Филми муштараки Тоҷикистону Эрон - “Моҳӣ дар шаст” бо коргардонии Муҳиддини Музаффар соли 2024 дар Тоҷикистон сабт гардида, садобардорӣ, танзим ва оҳангсозии он дар Эрон анҷом дода шудааст.
Дар филм ҳунарпешаҳои шинохтаи Тоҷикистон, Русия ва Эрон барои нақшофарӣ ҷалб карда шудаанд. Дар нақшҳои марказӣ Хуршед Мустафоев, Сайёра Сафарӣ, Абдулло Абдураҳимзода, Шаҳло Раҳимӣ, Исфандиёр Ғуломов, Моҳпайкар Ёрова, Асалбек Назриев ва Асланшо Раҳматуллоев ҳунарнамоӣ кардаанд.
Филм қиссаи писарбачаи 10-сола бо номи Далерро нақл мекунад, ки дар мактаб-интернат ба воя расидааст. Ӯ ҳамроҳи Самад, ки ба қиморбозӣ майл дорад, дар вақти таътил ба ҷустуҷӯи модари худ мебарояд. Ин сафар аз шимол то ҷануби Тоҷикистон тӯл кашида, қаҳрамононро бо рӯйдодҳои ғайриинтизор рӯ ба рӯ мекунад. Дар ниҳоят, Далер бояд қароре қабул кунад, ки масири зиндагии ӯро дигаргун месозад.
Ин филм аз чӣ нақл мекунад ва чаро онро бояд тамошо кард, муфассал дар матлаби зерини мо хонед: “Ҳафт далеле, ки филми "Моҳӣ дар шаст"-ро бояд дид”.




Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод
Қонуни афв барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард
Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд
“Мехоҳанд муносибати моро бо давлати Чин вайрон кунанд”. Додситони кул даргириҳо дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро шарҳ дод
“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод
“Парвандаи Абдуллозода рӯзҳои наздик ба додгоҳ меравад”. Раиси Оҷонсии зиддифасод гуфт, ки чаро роҳбари пешини Фурудгоҳи Душанбе дар озодӣ аст
Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст
“Дар баррасии ҳукумат аст”. Дар Тоҷикистон ҳанӯз корхонаи коркарди “аккумулятор” мавҷуд нест
Ду сол боз дар Тоҷикистон ягон ҳукми сафед содир нашудааст. Раиси Додгоҳи олӣ сабаби инро шарҳ дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста