Дар Тоҷикистон теъдоди нафақагирон қариб 880 ҳазор будаанд ва онҳое, ки аз 100-сола боло ҳастанд, 239 нафар ҳастанд.

Абдураҳмон Ҳалимзод, раиси Оҷонсии бимаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон теъдоди дақиқи нафақагиронро ба ҳолати 1-уми январи соли 2026-ум 877 ҳазору 206 нафар гуфта, таъкид кард, ки теъдоди нафақагирони аз 100-сола боло 239 нафар будааст.

“Аз ҳама сину соли баланд ду шаҳрванд - яке аз шаҳри Бохтар ва дигарӣ аз ноҳияи Рӯдакӣ ҳастанд, ки ҳарду 113 сол доранд ва саломатияшон хуб аст”,-гуфт Абдураҳмон Ҳалимзод.

Ба қавли Ҳалимзод, ҳардуи онҳо мутаносибан 536 сомонӣ нафақа мегиранд. Фарзандони яке аз онҳо аллакай дар қайди ҳаёт набуда, набераҳояш нигоҳубин мекардаанд.

 

Абдураҳмон Ҳалимзод
Asia-Plus

Дар умум, теъдоди нафақагирони аз садсола боло дар минтақаҳо чунин аст:

ВМКБ - 2 нафар;

Вилояти Суғд - 37 нафар;

Вилояти Хатлон - 103 нафар;

Шаҳри Душанбе - 13 нафар;

Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 84 нафар.

Абдураҳмон Ҳалимзод гуфт, ки санҷишҳои ниҳоди онҳо нишон додааст, ки дар сину соли онҳо хатоӣ нест.

Ҳамчунин, аз теъдоди умумии нафақагирон дар кишвар, 172 ҳазору 538 нафар дорои маъюбият будаанд:

Гурӯҳи якум - 18  ҳазору 422 нафар;

Гурӯҳи дуюм – 85 ҳазору 221 нафар;

Гурӯҳи сеюм – 33 ҳазору 514 нафар.

Нафақагирони маъюбиятдоштаи то 18 сола – 33 ҳазору 381;

Кӯдакони ятимоли кулл – 1 ҳазору 82 нафар;

Кӯдакони нимятим – 79 ҳазору 205 нафар;

Маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) – 13 нафар;

Иштирокчиёни ҶБВ дар ақибгоҳ – 97 нафар.

Бояд зикр кард, ки тибқи иттилои расмӣ, ҳоло дар кишвар ҳаҷми нафақаи миёна, аз ҷумла, нафақаи суғуртавӣ - 509 сомонӣ, нафақаи меҳнатӣ - 641 сомонӣ ва нафақаи иҷтимоӣ - 362 сомонӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.