Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Триполии расмӣ иҷозатномаи пешниҳоднамудаи Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ дар хусуси ҳабси Муаммар Қаззофиро рад намуд.

Бино ба иттилои «Ал-Ҷазира», вазири адлияи Либи Муҳаммал-ал-Гамудӣ дар робита ба ин масъала гуфтааст, «Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ «як воситаест дар ихтиёри Ғарб барои таъқиби пешвоёни ҷаҳони севум» ва Либия қарорҳои онро эътироф карданӣ нест. «Қаззофӣ ва писари ӯ – Сайф ул-Ислом, ки ба ӯ низ иҷозатномаи ҳабс дода шудааст, дар ҳукумати кишвар мансабҳои расмиро ишғол намекунанд, ва аз ин рӯ, бо айбҳои ба онҳо нисбатдода ҳеҷ робитае надоранд», - изҳор доштааст ӯ.

Хабаргузории РИА «Новости» менависад, дар изҳороти вазорати адлияи Либия зикр шудааст, ки ин кишвар Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО)-ро барои кӯшишҳои ҷисман нобуд сохтани Муаамар Қаззофӣ ва аҳли оилаи ӯ ба додгоҳҳои байнулмилалӣ хоҳад кашид. «Чунин амалҳои НАТО «ҷинояти низомӣ» маҳсуб меёбанд ва бояд дар Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ баррасӣ шаванд», - омадааст дар изҳорот.