Раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ва собиқ президенти ин кишвар Бурҳониддин Раббонӣ бар асари амали террористӣ дар ҳавлии манзили зисти худ ба ҳалокат расид. Ин хабарро ба РИА Новости дар мақомоти пулиси Кобул тасдиқ кардаанд.

Бино ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон рӯзи сешанбе дар кӯчаи 10-уми хиёбони Вазир Акбар Хон, ки дар наздикии маҳалли намояндагиҳои дипломатӣ ва сафоратхонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико воқеъ аст, инфиҷор рух додааст.

Бар асари таркиш Раббонӣ ва боз панҷ нафар меҳмонони ӯ ба ҳалокат расидаанд. Тибқи маълумоти пешакӣ, миёни кушташудагон аъзои Шӯрои олии сулҳ ҳузур доранд. Дар маҳалли ҳодисаи амали террористӣ гурӯҳи тафтишотӣ машғули кор аст. Дар натиҷаи инфиҷор котиби Шӯрои олии сулҳи Афғонистон Маъсум Станакзай ҷароҳати вазнин бардоштааст.

Гуфта мешавад, эҳтимол меравад, ки амали террористӣ аз ҷониби як террористи маргталаб ба анҷом расонида шудааст.

Тибқи фарзияи дигар, ҷинояткорон бомбаро пешакӣ дар манзили Раббонӣ гузошта будаанд.

Шӯрои олии сулҳи Афғонистон бо фармони президенти кишвар Ҳомид Карзай таъсис дода шуда, бо нерӯҳои мухолифин гуфтушунид анҷом медод.

Солҳои 1980-1990 Бурҳониддин Раббонӣ яке аз пешвоёни муҷоҳидини афғон буд. Соли 1992 пас аз сарнагун кардани ҳукумати Наҷибуллоҳ то истеъфои расмии худ – 22-юми декабри соли 2001 ӯ мансаби президенти Афғонистонро бар дӯш дошт. Ахиран Бурҳониддин Раббонии 71-сола ба ҳайси раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ифои вазифа мекард.