Сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи ба мансаби дабири кулли созмон таъин кардани собиқ губернатори вилояти Иркутски Русия Дмитрий Мезенсев қарор қабул карданд.
Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости, Мезенсев дар ин мансаб намояндаи Қирғизистон Муратбек Иманалиевро иваз кард.
Ҳамчунин бо қарори сарони кишварҳо, директори Кумитаи иҷроияи сохтори зиддитеррористии СҲШ намояндаи Чин Чжан Синфен таъин гардид.
Роҳбарони тозатаъин дар ин мансаб аз 1-уми январи соли 2013 то 31-уми декабри соли 2015 ифои вазифа хоҳанд кард.
Дар нишасти Пекин Чин раёсат дар СҲШ-ро то нишасти дигар ба Қирғизистон супорид. «Ҷаласаи навбатии Шӯрои срони кишварҳои узви СҲШ соли 2013 дар Қирғизистон доир мегардад», - гуфта мешавад дар хабар.
Ба зиммаи котиботи СҲШ вазифаҳои таъмини тадорукотиву техникии чорабиниҳо дар доираи созмон, таҳия ва амлисозии асноди тамоми мақомоти СҲШ ва омодасозии пешниҳодот оид ба буҷети ҳамасолаи созмон вогузор шудаанд.
Рӯзҳои ахир дар Афғонистон чӣ мегузарад: аз қатли оми тоҷикҳо то душманхонии Тоҷикистон
Обуҳавои Тоҷикистон дар моҳи июн: ҳарорат баъзан то 45 дараҷа гарм мешавад
Дар бархе аз маҳаллаҳои Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мешавад
Гумонбари сеюми парвандаи куштори оилаи Маҳмадовҳо дар Ҷайҳун низ аз баёноташ даст кашид
Дар конфронси парлумонии Боку раиси парлумони Тоҷикистон дар чӣ бора изҳори назар кард?
Туркманистонро боз 490 қазоқтабори дигар тарк мекунанд
Шиносномаҳои рӯзноманигори таҳқиқгари қирғиз Болот Темировро бекор кардаанд
Президенти Радиои Озодӣ ҳамла ба журналистонро дар Душанбе маҳкум кард
Куштани як марди 40-сола дар пайи як даргирӣ дар Мастчоҳ
Даргузашти Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, руҳонии саршиноси кишвар дар синни 70-солагӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста