Мақомоти Гурҷистон мегӯянд, ки дар натиҷаи бориши боронҳои шадид ва ҷорӣ шудани селоб дар шаҳри Тифлис-пойтахти ин кишвар, 13 нафар ба ҳалокат расида, 24 нафари дигар бедарак шудаанд.
Торнамои тоҷикии радиои «Озодӣ» дар ин робита менависад, шоми 13 июн борони шадид борида, рӯдхонаи Вере, ки аз байни шаҳр мегузарад, саршор шуд ва ба соҳилҳо баромад ва дар сари маҷрои худ даҳҳо биноҳоро шуст ва мошинҳоро бурд. Хатҳои интиқоли барқро хароб кард
Гуфта мешавад, боғи ҳайвоноти шаҳрро сел зер кард. Бабрҳову шерҳо ва гургон аз он ҷо фирор карданд. Се корманди боғи ҳайвонот ба ҳалокат расиданд. Баъзе ҳайвонотро боздошт карданд, вале маълум нест, ки чӣ қадр ҳайвон бедарак шудааст. Мақомот аз аҳолӣ хостаанд, ки дар хонаҳои худ бимонанд ва агар ҳайвоне пайдо шуд, онро бигиранд.
Зимнан зикр мегардад, ки Гиоргӣ Маргвелашвилӣ-раиси ҷумҳур ба хонаводаҳои қурбониёни сел таъзия гуфт ва қавл дод, ки ба зудӣ харобиҳо барқарор хоҳанд шуд. Ираклӣ Гарибашвилӣ-нахуствазир 15 июнро рӯзи мотами миллӣ эълон кард ва гуфт, ки бино ба маълумоти пешакӣ, зарари воридшуда аз ин офати табиӣ 18 миллион долларро ташкил медиҳад.
Тағйироти кадрӣ дар КДАМ ва судҳо
Ҳушдори КҲФ: Хатари сел то 21 август боқӣ мемонад
Нусхаи дастнависи Қуръони дар Намангон дуздидашуда дарёфт шуд
Шавкат Мирзиёев ҳоҷӣ шуд
Боздошти як тоҷикистонӣ бо зиёда аз 1,6 млн рубл дар фурудгоҳи Сургут
Дар Тоҷикистон 420 ҳазор тонна ҳосили пиёз ҷамъоварӣ шуд. Акнун нархҳо поин мераванд?
Нигаронии котибони Шӯрои амнияти Тоҷикистону Русия аз фаъолшавии гурӯҳҳо дар Афғонистон
Аз 10 медали тиллои Чемпионати бадминтони Осиёи Марказӣ дар Душанбе 8-тоаш насиби Эрон шуд
Се медали тиллои размикорони тоҷик дар рӯзи дуюми чемпионати ҷаҳон оид ба ММА
Ҳалокати 6 нафар бар асари таркиш дар Сирдарё
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста