Бар асари типарронӣ аз ҷониби афроди номаълум дар калисои шаҳри Чарлстони ИМА, на камтар аз 8 нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар ин бора шабакаи телевизионии WRDW бо истинод ба ВАО-и маҳаллӣ хабар дода, зикр мегардад, ки шумори ҳалокшудагон метавонад тағйир пазирад.

Хабаргузории РИА Новости  дар ин робита менависад, ба мақомоти пулис нимашаби рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта оид ба тирпарронӣ дар ин калисо хабар расида, мақомоти маҳаллӣ аҳолиро огаҳ кардаанд, ки аз наздикшавӣ ба ҷойи ҳодиса худдорӣ варзанд.

Портали иттилоотии маҳаллии Sconfire хабар медиҳад, ки ба ҷойи ҳодиса якчанд автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ, хадамоти оташнишонӣ ва намояндагони дигар мақомоти марбута даъват шуда, мақомоти пулис бо истифода аз чархбол дар мавзеи гирду атрофи калисо ҷинояткоронро ҷустуҷӯ доранд, вале дар бораи боздошт ё нобуд кардани онҳо алҳол маълумот дода нашудааст.