Иттиҳоди Аврупо (ИА) рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта таҳримҳо алайҳи Русияро барои 6 моҳ ва то поёни январи соли оянда тамдид кард.

Бахши тоҷикии радиои эронии Садои Хуросон бо истинод ба хабаргузории Рейтер дар шарҳи ин маълумот менависад, ин таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо ба бахшҳои энергетика, мудофиаи ва молия дар июли 2014 дар посух ба пайвастани нимҷазираи Қрим ба Русия ҷорӣ гардида, нишондиҳандаи ҳимоят аз Украина буд, ки нимҷазираи Қримро аз они худ медонист.

Гуфта мешавад, таҳримҳо муқобили Русия дар ҳоле тамдид мешаванд, ки Русия борҳо таъкид доштааст, ин таҳримҳо таъсире бар ин кишвар надорад ва натиҷаи акс медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки бисёре аз кишварҳои аврупоӣ низ эътироф кардаанд, ки таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия бар иқтисоди кишварҳои аврупоӣ таъсири манфӣ гузошта аст ва хоҳони таҷдиди назар дар ин таҳримҳо шудаанд.