Владимир Путин қонунеро имзо гузошт, ки тибқи он муҳоҷирони тибқи ихтисосашон фаъолиятнадошта ба мухоҷирони ғайриқонунӣ баробар карда мешаванд.

Хабаргузории РБК дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки ба онҳо ҷавобгарӣ то ҳудуди аз кишвар берун кардан таҳдид мекунад. Барои ҷалби муҳоҷироне, ки на ки тибқи касби дар иҷозатномаашон дарҷгардида кор мекунанд, шахсони вокеиро ҷарима то 5 ҳазор рубл, шахсони ҳукукиро то 800 рубл, ё ин ки қатъи маъмурии фаъолият ба муҳлати то 90 шабонарӯз таҳдид мекунад.

Lenta.ru менависад, шурӯъ аз якуми январи соли 2015 муҳоҷирони меҳнатӣ муваззафанд барои кор дар қаламрави Русия, дар муддати 30 рӯз аз лаҳзаи будубошашон иҷозатнома бигиранд. Ин ҳуҷҷат муддати як моҳ эътибор дошта, аммо икони тамдиди он то як сол вуҷуд дорад. Ғайр аз ин, нафароне, ки мехоҳанд дар Русия кору фаъолият кунанд, ҳатман аз забони русӣ, асосҳои таърих ва ҳуқуқи Русия имтихон месупоранд.