Зимни амалиёти ҳарбӣ - ҳавоии нерӯҳои низомии Миср  давоми 5 рӯзи ахир дар нимҷазираи Синай 341 террорист ва беш аз 200 корманди мақомоти полис ба ҳалокат расид.

Сомонаи расмии телевизиони «Ҷаҳоннамо» дар ин робита менависад, артиши миллии Миср дар ҷараёни амалиёт ҳамчунин як анбори марбут ба силоҳбадастон, ки дар он муҳимоти гуногуни ҷангӣ маҳфуз буд, хароб кард.

Гуфта мешавад, амалиёт то ба эътидол омадани вазъят ва маҳви пурраи силоҳбадастон дар нимҷазираи Синайи Миср идома меёбад.