Бонкҳои марказии кишварҳои аъзои БРИКС - Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ дар бораи таъсиси Бонки умумии рушд бо фонди захираҳои асъори 100 млрд. доллари ИМА созишнома ба имзо расониданд.
Бино ба иттилои Бонки Русия, дар ин санад ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокчиёни созишнома ва ҳамчунин қоидаву тартиботе дарҷ ёфтаанд, ки бояд аз ҷониби кишварҳои узви БРИКС ба иҷро расанд.
Хабаргузории Lenta.ru дар ин робита менависад, ин механизми суғуртавӣ барои устувор нигоҳ доштани вазъи молиявӣ дар кишварҳои узв таъсис ёфта, дар сурати зарурат онҳо метавонанд дар давраи ноустувории иқтисод барои фавран касри буҷетро пӯшонидан аз маблағҳои ин фонд истифода кунанд.
Гуфта мешавад, тибқи уҳдадориҳои қабулшуда, ба ин фонд Чин - 41 млрд., Бразилия, Ҳиндустон ва Русия - ҳар кадоме 19 млрд. ва Африқои Ҷанубӣ - 5 млрд. доллари ИМА саҳмгузорӣ мекунанд.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста