Эрон ва гурӯҳи «панҷ ба изофаи як» дар мавриди созиши ниҳоӣ оид ба барномаи ҳастаии Теҳрон ба мувофиқа расиданд.

Бино ба иттилои радиои «Озодӣ» , хабаргузориҳо аз қавли манобеи худ дар Вена, пойтахти Австрия, иттилоъ доданд, ки Эрон ва «панҷ ба изофаи як» (ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) ҳама ихтилофи назарҳоро пушти сар карданд.

Дар сурати имзои созиш, Эрон бояд фаъолиятҳои ҳастаияшро дар ивази лағви таҳримҳои байнулмилалӣ маҳдуд кунад. Бар пояи тавофуқи дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария моҳи апрел ҳосилшуда, Эрон муваззаф аст, ки шумораи сентрифугаҳо барои ғанисозии ураниумро аз 19 ҳазор феълӣ то 6 ҳазор адад коҳиш диҳад. Эрон ҳамчунин бояд захираҳои ураниуми ғанишудаашро, ки дар сурати ғализтар кардан аз он метавон бомби ҳастаӣ сохт, аз 7 тонна то 350 кило кам кунад.

Дар ҳамин хабаргузориҳо баъзе аз ҷузъиёти дигар марбут ба созишро ошкор карданд. Гуфта мешавад, ки баъд аз хатми музокирот миёни Эрон ва «панҷ ба изофаи як» тарҳи созиш барои тасдиқи билофосила ба Шӯрои амнияти СММ фиристода мешавад. Созиш 90 рӯз баъд аз қабули қатъномаи нави Шӯрои амният ба ҳукми қонун медарояд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, хабари имзои созиши ҳастаӣ боиси поийн рафтани қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ шуд. Ба иттилои хабаргузории Bloomberg, баробари нашри хабар дар бораи ҳосили созиш дар Вена рӯзи сешанбе қимати нафти навъи Brent 2,1 дар сад коҳиш ёфт ва бо қимати $56,63 барои як бушка фурӯхта мешуд, қимати нафти WTI 2,3 дар сад кам шуд ва ҳоло қиматаш $50,95 барои як бушка аст.