Дар назди яке аз бозорҳои серодами шаҳри Бағдоди Ироқ таркиши мудҳиш ба амал омад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», бар асари ин ҳодиса 30 нафар ҷон бохта, 58 тани дигар бо бардоштани захмҳои гуногун бистарии беморхона шуданд.

Гуфта мешавад, табибон вазъи саломатии чанд тан аз ҷароҳатдидагонро вазнин арзёбӣ мекунанд. Аз зарбаи сахти таркиш инчунин чанд иншоот ва даҳҳо нақлиёти канори роҳ пурра ё қисман хароб гардиданд.

Зимнан зикр мегардад, ки то кунун масъулияти ҳамларо ягон шахс ё гурӯҳе ба уҳда нагирифта, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои муайян намудани омилони қазия фаъолият доранд.