Муддати як ҳафта мешавад, ки дар як қатор минтақаҳои Ҳиндустон обхезии шадид хукмфармоӣ дошта, шумораи қурбониёни обхезӣ рӯз то рӯз меафзояд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», тибқи хабарҳои охирине, ки манбаъҳои хабарии ин кишвар пахш кардаанд, бар асари офати табиӣ 220 кас ба ҳалокат расиданд. Як рӯз қабл ин шумора 150 нафарро ташкил медод. Афзудани теъдоди қурбониён вуҷуд дорад. Зеро чанд каси дигар дар рӯйхати бедаракшудагон қарор доранд.

Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ бар асари обхезӣ 10 миллион нафар бесарпаноҳ мондаанд. Алҳол офати табиӣ 5 штати мамлакатро фаро гирифтааст. Ҳолати ноҳинҷор бештар дар штатҳои Гуҷарот ва Банғолаи Ғарбӣ ба назар мерасад. Тибқи омор танҳо дар ин ду штат обхезӣ 70 қурбонӣ барҷой гузоштааст.

Дар минтақаҳои зарардида 2 ҳазор маҳаллаи муваққатии хайманишинон таъсис ёфтааст. Дар штатҳои Банғолаи Ғарбӣ, Манипур, Роҷистон, Гуҷарот ва Одиша корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома дорад.