Бино ба маълумоти хабаргузории DW, вазири корҳои дохилии Шветсия Андерс Игеман иттилоъ додааст, ки ҳукуматдорони ин кишвар то 80 ҳазор нафар гурезагонро, ки барои дастрас кардани мақоми паноҳандагӣ соли гузашта ариза додаанд, истирдод карданист.

Гуфта мешавад, рӯзи 27 январ Андерс Игеман изҳор доштааст, ки ҳукумати Шветсия аз 60 то 80 ҳазор нафарро, ки соли 2015 ҳамчун гурезагон омада буданду вале барои пешниҳоди паноҳандагии сиёсӣ посухи рад гирифтанд, аз кишвар хориҷ карданист. Соли гузашта ба Шветсия дар маҷмӯъ ҳудуди 163 ҳазор нафар гурезагон омадаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳукумат Шветсия ба мақомоти пулис ва хадамоти муҳоҷират дар ин робита дастур додааст, ки ба истирдодҳои оммавӣ омодагӣ гиранд.

Нашрияи Dagens Industri дар ин робита менависад, агар ҳукуматдорон ин нақшаи худро муддати як сол амалӣ карданӣ бошанд, пас ба онҳо лозим меояд, ки дар як рӯз беш аз 200 нафарро аз кишвар хориҷ кунанд.