Президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев дархости истеъфои вазири корҳои дохилии ин кишвар Мелис Турганбоевро қабул кард.
Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон имрӯз изҳор дошт, ки Қашқар Ҷунушалиев, ки қаблан ба ҳайси сардори Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Бишкек ифои вазифа мекард, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои дохилии Қирғизистон таъин шудааст.
Ҳамчунин сарвари давлати Қирғизистон дар бораи маъқул шуморидани номзадии Ҷунушалиев ба ин мансаб ба парлумон пешниҳод фиристодааст.
Дар мусоҳиба худи Турганбоев қайд кардааст, ки бо хоҳиши худаш дархости истеъфоро пешниҳод карда, даъват кардааст, ки дар ин тасмим ангезаи сиёсӣ наҷӯянд. «Ман истироҳат карданиам. Мансаби вазирӣ барои абадӣ ба ман дода нашудааст», - иброз доштааст Мелис Турганбоев.
Ӯ ҳамчунин гуфтааст, аз соли 2010 ба рухсатии меҳнатӣ набаромадааст. Ӯ 3 октябри соли 2014 вазири корҳои дохилии Қирғизистон таъин шуда буд. То ин вақт муддати чор сол вазифаи муовини вазири корҳои дохилиро ба уҳда дошт.




Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Муҳоҷирати меҳнатии бехатар. Чӣ гуна метавон аз доми фиреби қаллобон эмин буд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста