Сарвазири Британия Дэвид Кэмерон пас аз он ки аксарияти иштирокдорони раъйпурсӣ 23 июн барои баромадани Британияи Кабир аз Иттиҳоди Аврупо овоз доданд, изҳор дошт, ки  моҳи октябр истеъфо медиҳад. Дар ин бора АМИТ«Ховар» бо истинод ба ВАО-и хориҷӣ иттилоъ медиҳад.

«Ман фикр мекунам барои ман кӯшиши будани капитане, ки  кишвари худро ба макони ояндаи таъйинот мерасонад, нодуруст  аст ва ба Британия «роҳбарони нав» лозиманд», — гуфтааст Кэмерон ба хабарнигорон.

Қобили зикр аст, ки  рӯзи панҷшанбе дар Британияи Кабир раъйпурсӣ оид ба  узвияти кишвар дар ИА баргузор гардид.  Бино ба маълумоти расмӣ барои баромадани кишвар аз Иттиҳоди Аврупо  51,9% овоз додаанд.