- Пешвои Ҳизби исломии Афғонистон Гулбиддин Ҳикматёр изҳор намуд, ки ба ҳукумати Афғонистон зарур аст, ки бо ҳаракати «Толибон» гуфтушунид карда, аъзои маҳкумшудаи онро аз зиндонҳо озод кунад, - хабар медиҳад afghanistan.ru.

Ин изҳороти ӯ рӯзи имзои созишномаи дуҷонибаи оштӣ бо президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ садо додааст. Баъди имзои созишнома акнун Ҳизби исломии Афғонистон ба низоми қонунии сиёсии кишвар баргашт.

«Аз ҷаноби президент даъват мекунам, ки бо толибон гуфтушунид карда, бидуни ҳеҷ шарте аъзои маҳкумшудаи онро аз зиндонҳо озод кунанд. Тоибон бояд сари мизи гуфтушунид нишаста талабҳои худро пеш гузоранд ва мо ба онҳо мусоидат мекунем», - иброз доштааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки қаблан дар маросими имзои созишномаи дуҷонибаи оштӣ Гулбиддин Ҳикматёр аз дигар гурӯҳҳо низ даъват кард, ки ба раванди оштӣ пайваста, «ба ҳадафҳои сиёсии худ бо роҳи осоишта ноил гарданд».