Дар Брюссел конфронси дурӯзаи сарпарастону мададгорон оид ба Афғонистон бо иштироки намояндагони зиёда аз 70 кишвар ва 20 созмони байнулмилалӣ ба итмом расид. ИМА дар Афғонистон аллакай миллиардҳо доллар масраф карда, хостори ба кумаки молӣ ҷалб кардани шарикони аврупоиаш мебошад.

Нашрияи «Независимая газета» дар ин робита менависад, то охири соли 2020 ҳамасола ба Афғонистон ҷудо кардани 3 млрд. доллари ИМА  аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дар назар буда, Русия ба кумак бо чархболҳо ва техникаи ҳарбӣ омода аст.

Дар кори конфронс президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ, раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба умури хориҷӣ ва амният Федерика Могеринӣ ва дигарон ширкат варзида, ҳайати Русияро намояндаи махсуси президенти ин кишвар дар Афғонистон Замир Кобулов намояндагӣ кардааст.

Масъалаи ҷудо шудани воситаҳо барои таҳкими фаъолияти сохторҳои қудратии Афғонистон дар ҳаҷми беш аз 4 млр. доллари ИМА то охири соли 2020 ҳанӯз моҳи июл дар нишасти НАТО дар Варшава тасдиқ шуда буд. Сарпарастони бузургтарини молии Афғонистон ИМА, Ҷопон ва Олмон мебошанд.

Бино ба иттилои Reuters, хароҷоти ИМА ба ин кишвар тақрибан 5 млрд. доллар дар як сол - наздики 4 млрд. барои нерӯҳои мудофиа ва амнияти миллӣ ва боз 1 млрд. доллар барои кумак ба аҳолиро ташкил медиҳанд. Ғайр аз ин, барои нигаҳдорӣ ва ҳузури нерӯҳои низомии ИМА дар Афғонистон ва қарордодҳо бо сохторҳои тиҷоратӣ боз миллиардҳо доллар харҷ мешавад.

Ба андешаи директори Маркази омӯзиши Афғонистон Умар Нисор, Русия ҳамкории пурра бо Афғонистонро роҳандозӣ накарда, танҳо дар якчанд самт ба он мусоидат мекунад.

«Русия Афғонистонро ба сифати лоиҳаи сиёсии Ғарб қабул мекунад. Вақте ки дар муносибатҳои Вашингтону Маскав вазъ рӯз то рӯз муташанниҷ мегардад, ба гумон аст, ки Маскав дар Афғонистон ба иқдомоти ҷиддӣ даст занад ва танҳо дар ҳолате ба ин кор рӯ хоҳад овард, ки агар дар онҳо нақши асосиро на шарикони ғарбии афғонҳо, балки худи онҳо бозанд», - иброз доштааст коршинос.

Ӯ ҳамчунин тағйирёбии вазъ дар муносибатҳои Русия ва Афғонистонро аз эҳтимол дур намедонад. «Агар оянда тағйироте ба гунаи мисол чун ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай пазируфта шудани Афғонистон, ки айни замон дар он мақоми нозирро дорад, сурат бигирад, тағйирёбии ҳамкориҳои дуҷонибаи ин кишварҳо низ имконпазир аст», - афзудааст коршинос.