Расонаҳои Афғонистон аз қавли мақомоти баландпояи он кишвар хабар доданд, ки генерал Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон бар асари ҳамлаи Толибон дар вилояти Форёб захмӣ шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Телевизиони 1ТВ-и Афғонистон рӯзи 17 октябр аз қавли Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон иттилоъ дод, ки Абдурашид Дӯстум дар ҳамлаи Толибон дар минтақаи Ғурмочи вилояти Форёб ҷароҳатҳои сабук бардоштааст. Расонаҳои дигари Афғонистон низ ин хабарро аз қавли Абдуллоҳ Абдуллоҳ нашр кардаанд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи душанбе дар нишасти шӯрои вазирони он кишвар бо ишора ба бархӯрди корвони генерал Дӯстум бо камини Толибон гуфтааст, ки дар ин ҳодиса чанд тани дигар низ захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи манбаъ, ҳамла ба корвони генерал Дӯстум шаби шанбе сурат гирифтааст ва дар ҳодиса чаҳор нафар кушта шудаанд, ки ду муҳофизи генерал Дӯстум низ дар миёни онҳо мебошанд. Хабаргузории "Хома"-и афғонӣ шумораи кушташудагонро 10 нафар гуфтааст, ки дар миёни онҳо як фармондеҳи нерӯҳои давлатӣ, низ мебошанд.

Тибқи бархе гузоришҳо, ки рӯзи якшанбе мунташир шуд, гӯё генерал Дӯстум дар ин ҳамлаи Толибон ба шиддат маҷрӯҳ шудааст, аммо дертар наздикони муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон аксҳои ӯро нашр карданд ва гуфтанд, ки ӯ саломат мебошад. Ва ҳоло Абдуллоҳ Абдуллоҳ мегӯяд, ки генерал Дӯстум ҷароҳатҳои сабук бардоштааст.

Амалиёти нерӯҳои афғон дар минтақаи Қайсори вилояти Форёб идома дорад ва гуфт шудааст, ки ҳудуди 20 деҳа аз Толибон поксозӣ шудааст. Рӯзи шанбе генерал Дӯстум гуфта буд, ки баъд аз сафараш ба вилояти Форёб то ба ҳол, Толибонро 20 километр ба ақиб ронда ва 20 деҳаро аз Толибон поксозӣ кардаанд ва амалиёти хона ба хона идома дорад.