Мақомоти Покистон тасмим гирифтаанд, то Шарбат Гул, зани машҳури афғонро, ки бо айби истифодаи ҳуҷҷати тақаллубӣ дар ин кишвар дастгир шудааст, бар ивази замонат озод кунад. Дар ин бора Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад.

Чоудри Нисор Алихон, вазири корҳои дохилии Покистон гуфтааст, ки "фикр мекунам, дар қазияи Шарбат Гул мо бояд гузашт кунем, зеро вай зан аст ва дар масоили марбут ба ӯ бояд аз нигоҳи инсонӣ назар кард".

Аммо Алихон афзудааст, ки парвандаи ин зан қатъ нахоҳад шуд. "Мо наметавонем, ӯро ба Афғонистон истирдод кунем ва ё ба вай раводиди муваққатиро бо ҳаққи берун рафтан аз кишвар диҳем. Зеро дар ин сурат, ҳамаи он хизматчиёни давлатие, ки ба ин зани афғон ҳуҷҷати тақаллубӣ додаанд, аз ҷавобгарӣ бояд озод карда шаванд, ки ин номумкин аст", - изҳор доштааст вазири корҳои дохилии Покистон.

Ин зани афғон баъди нашри як аксаш тобистони соли 1985 дар гузориши маҷаллаи "National Geographic" аз урдугоҳи муҳоҷирон, воқеъ дар Пешовари Покистон машҳур шуда буд.

Деҳаи паштунишини Афғонистон, ки Шарбат Гул ҳамроҳи хонаводааш мезист, ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоии Иттиҳоди Шӯравӣ қарор гирифта, дар натиҷа модару падари ӯ кушта шуданд. Ин акси ӯ он замон ба рамзи азобу машаққати гурезаҳои ҳамлаи Шӯравӣ ба Афғонистон табдил ёфта буд.