Бар асари ҳамлаи интиҳорӣ дар маросими пайравони мазҳаби шиа дар яке аз масҷидҳои шаҳри Кобул ҳадди ақалл 27 нафар кушта шуданд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Фаридун Убайдӣ, раҳбари бахши таҳқиқоти ҷиноии пулиси Кобул, гуфтааст, ки 35 тани дигар дар ин ҳодиса захм бардоштанд.

​Ин ҳодиса нимаи рӯзи 21 ноябр рух дода, дар дохили мадрасаи Боқир ал-улум замони омодагии мардум барои адои намози пешин ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба навиштаи расонаҳои Афғонистон, баъд аз намози пешин дар ин маҳал баргузории маросими мазҳабии "арбаин" ё чиҳилум дар назар будааст, ки пайравони мазҳаби шиа, онро гиромӣ медоранд.

Тибқи иттилои мақомоти афғон, ҳамаи афроде, ки дар ин ҳодиса ҷон бохтанд, ғайринизомӣ буда, ба хотири баргузории ин маросими мазҳабӣ ҷамъ омаданд. Гуфта мешавад, дар миёни қурбониҳо занону кӯдакон низ ҳастанд. То ба ҳол масъулияти ин ҳамларо ҳеҷ гурӯҳ ба дӯш нагирифтааст.