Дар минтақаи шарқи Ҷопон заминларзаи иқтидори 7,3 балл рух дода, ба сунамии баландиаш 1,4 метр боис гардид.

The Telegraph дар ин робита менависад, мавҷҳои сунамӣ бо чунин баландӣ дар мавзеи назди бандари Сэндай, соҳили префектураи Мияги ба қайд гирифта шудааст.

Нашрияи «Коммерсант» иттилоъ медиҳад, ки агентии обуҳавошиносии Ҷопон иқтидори ин заминларзаро 7,4 балл арзёбӣ кардааст.

Бино ба маълумоти ширатҳои оператории ин кишвар, аз ин заминларза нерӯгоҳҳои ҳастаӣ (атомӣ) осеб надида, танҳо дар нерӯгоҳи «Фукусима-2» кори низоми сардкунии сӯзишвории коркардшуда муваққатан боздошта шудааст.

Нахуствазири Ҷопон Синдзо Абэ ба сохторҳои дахлдор дастур додааст, ки баҳри то ҳадди ақал поин бурдани оқибатҳои манфии ин офати табиӣ тамоми чораҳои заруриро рӯйи кор гиранд.

Ба иттилои РБК, ин аввалин заминларзаи шадид дар Ҷопон баъди моҳи сенябр аст, ки он замон дар ҷазираҳои Хоккайдо ва Окинава дар як вақт ду заминларзаи иқтидорашон аз 5,2 то 6,0 балл рух дода буд.

То ин вақт як силсила заминларзаҳо дар моҳи апрел рух дода буданд, ки шадидтарин аз соли 2011 шуморида мешуданд. Он замон бар асари заминларза 16 ҳазор нафар ҳалок ва дар нерӯгоҳи ҳастаии «Фукусима-1» садама рух дода буд. Иқтидори заминларзахои моҳи апрел аз 6,5 то 7,3 арзёбӣ шуда, дар натиҷаи он беш аз 1 ҳазор нафар осеб дида буданд.

Тариқи тамоми қаламрави ҷазираҳои Ҷопон ҳалқаи вулкании дарозиаш 40 ҳазор километр мегузарад. То 90%-и тамоми ҳодисаҳои заминларза дар кураи Замин маҳз дар ҳамин минтақа рух  медиханд.