Субҳи рӯзи 19 январ дар бинои 17-ошёнаи маркази тиҷоратии «Пласко», воқеъ дар ҷануби пойтахти Эрон сӯхтор сар зада, бар асари он дастикам 30 нафар сӯхторнишонон ҷон бохтанд.

Бино ба иттилои сомонаи нашрияи «Тоҷикистон» (www.tajikistantimes.tj) бо такя ба  расонаҳои эронй, сӯхторнишонҳо мутмаин буданд, ки алангаи оташро ба зудӣ хомӯш мекунанд, аммо сӯхтор дар чанд муддат ҳама биноро фаро гирифт. Баъд аз чаҳор соат, вақте сӯхторнишонҳо дар ошёнаҳои болоии бино бо оташ дар набард буданд, бино фурӯ рехтааст.

Мири Теҳрон Муҳаммад Боқир Қолинбоф ба ҷойи ҳодиса омада, ба хабарнигорон гуфтааст, ки дар ин ҳодиса дасти кам 20 тан аз сӯхторнишонҳо ба ҳалокат расиданд.Аммо хабаргузории «Тасним» бо такя ба дигар мансабдороне, ки дар ҷойи ҳодиса қарор доранд, теъдоди сӯхторнишонҳои кушташударо 30 нафар гуфтааст. «Тасним» дар бораи зери оворҳо мондани ду хабарнигор ва чанд тан аз соҳибони дӯконҳо низ иттилоъ додааст.

Баъзе аз расонаҳои эронӣ, аз ҷумла, шабакаи телевизионии давлатии инглисзабони Press TV мегӯянд, ки аз 50 то 100 нафар зери харобаҳои «Пласко» мондаанд ва аз ин рӯ теъдоди қурбониёни ин фалокат шояд афзоиш ёбад.

Фурӯрезии маркази тиҷоратӣ ба биноҳои атроф осебе нарасонидааст, аммо мақомот сокинони биноҳои атроф ва аз ҷумла, кормандони сафоратхонаҳои Бритониё ва Туркияро ба ҷойи амн интиқол доданд.

Маркази тиҷоратии «Пласко» нахустин фурӯшгоҳи бисёрошёна дар Теҳрон буд. Бунёди ин фурӯшгоҳ соли 1962 поён ёфта, он замон баландтарин бино дар пойтахти Эрон маҳсуб мешуд. Дар маркази тиҷоратӣ беш аз 400 мағозаву дафтари кори ширкатҳо ҷойгир буд ва масъулони онҳо борҳо аз нақзи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми сӯхтор шикоят карда буданд.