Президенти ИМА Доналд Трамп дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии Fox News аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон интиқод намуда ва гуфтааст, ки ҳукумати Эрон аз он вақт ба ин тараф "густохтар" шуда ва ба Амрико "комилан беэҳтиромӣ" мекунад.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Доналд Трамп гуфтааст, Эрон ҳукумати шумораи яки пуштибон аз терроризм аст.
«Ман фикр мекунам ин бадтарин созиши атомии мумкин буд. Фикр мекунам ин созише буд, ки ҳаргиз набояд дар мавриди он гуфтугӯ мешуд. Аз назари ман, шармовар аст, ки созише монанди он доштем ва бояд онро имзо намекардем ва ҳеҷ зарурат набуд, ки ин корро бикунем. Агар қарор аст ин корро бикунем (имзо кунем), бояд тавофуқи хубе дошта бошем», - иброз доштааст ӯ.
Ҳукумати Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Амрико аз созиши атомӣ миёни Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ пуштибонӣ кардааст. Аз нигоҳи ҳукумати пешини Амрико, Эрон то пеш аз созиши ҳастаӣ, наздик буд ба маводи лозим барои сохтани ҷангафрзоҳои ҳастаӣ даст ёбад ва бинобар ин тавофуқ, ин кор ба таъхир афтод.
Доналд Трамп ҳини маъракаҳои интихоботи президентӣ борҳо аз созиши ҳастаӣ бо Эрон интиқод карда ва низ борҳо ҳукумати Барак Обамаро барои фиристодани пули нақд ба Эрон муттаҳам карда буд. Дар ҳамин мусоҳиба бо шабкаи Фокс Нюс, Трамп зикр кардааст, ки "мо ба онҳо 1,7 млрд доллар пули нақд додем."
Амрико борҳо ҳукумати Эрон муттаҳам ба ҳимоят аз терроризм кардааст. Ин суханон чӣ дар замони ҳукумати Обама ва ҳоло акнун дар замони Доналд Трамп такрор шудаанд. Эрон ҳамеша ин суханонро рад карда ва дар муқобил кишварҳои муттаҳиди Амрико дар минтақа, аз ҷумла Арабистони Саудиро муттаҳам ба ҳимоят аз терроризм кардааст.