Дар шабакаи интернет навори видеоӣ мунташир шуд, ки дар он чӣ гуна аз сарбанди обанбори Оровилл ба дарё партофта шудани маҷрои зиёду шиддатноки об ба мушоҳида мерасад. Навор аз Instagram-и корбар Тайсон Шортторн аз фазо гирифта шудааст.

Дар ИМА кӯчонидани таъҷилии аҳолӣ, ки поинтар аз сарбанди Оровилл дар қисмати шимолии штати Калифорния зиндагӣ мекунанд, эълон шудааст. Дар ин бора Лента.ру бо истинод ба Reuters хабар дода буд.

Дар навори дигари Ҷуди Брандт дар Twitter дида мешавад, ки дар болои сарбанд чархболҳо парвоз доранд. Қаблан зикр гардида буд, ки хадамоти наҷотдиҳанда барои пур кардани сӯрохии обпартои ёридиҳанда аз чархболҳо ба он санг мепартоянд.

Сокинони маҳаллӣ низ наворҳои видеоиеро гузоштаанд, ки дар онҳо танбашавии нақлиёт дар натиҷаи кӯчонидани аҳолӣ аз макони хавф ба назар мерасад.

Хатари рахнаи сарбанди бузургтарин дар ИМА бар асари боришоти шадиди борон, ки ба болоравии сатҳи об дар кӯли Оровилл боис гардид, ба вуҷуд омад.