Бунёди ҷамъиятии "Маркази рушди робита миёни шахсиятҳо", ки таҳти сарпарастии ҳамсари пешини президент Владимир Путин - Людмила Путина фаъолият мекунад, аз буҷаи шаҳри Москва 250 миллион рубл дарёфт кардааст.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, қарори ҷудо кардани кумаки молиро ба бунёд ҳанӯз соли 2015 шаҳрдори Москва Сергей Собянин имзо кардааст.

Бино бар иттилои "Дожд", бунёди Людмила дар доираи "Кумаки иҷтимоӣ ба сокинони Москва" сармоягузорӣ шудааст. Соли гузашта ба ин бунёд 62 миллион ва соли ҷорӣ низ ҳамин миқдор рубл ҷудо карданд. Кумаки молӣ ба бунёд ду соли оянда низ идома мекунад.

Бунёди мазкурро Артур Очеретний роҳбарӣ мекунад. Расонаҳо менависанд, Очеретний ҳамсари нави Людмила Путина аст.

Телевизиони "Дожд" хабар медиҳад, ки бунёди Людмила чанд иморати дигар дар ихтиёр дорад. Аз ҷумла як қаср дар Воздвиженки. Бунёд ин қасрро ба ширкати "Меридиан" ба иҷора медиҳад. Ширкати мазкур ба Людмила Шкребнева (насаби падарии ҳамсари пешини Путин) рабт дорад.