Фармондеҳи нерӯҳои НАТО ва фармондеҳии ИМА дар Аврупо генерал Кертис Скапарротти хостори интиқоли силоҳ ба Украина шуд, то ба ин кишвар дар мубориза бо ҷудоихоҳони мавриди ҳимояти Русия кумак шавад.

"Ба назари шахсии ман, имконияти интиқоли аслиҳаи дифоии марговар ба Украина бояд ба баррасӣ гирифта шавад", - изҳор дошт Скапарротти дар ҷаласаи Кумитаи Палатаи намояндагони Конгресси ИМА дар умури қувваҳои мусалаҳ дар Вашингтон.

Маъмурияти президенти пешини ИМА Барак Обама ба Украина ҷавшан, дастгоҳҳои дид дар шаб ва таҷҳизоти дигар интиқол дода буд. Вале намояндагони маъмурият ба даъвати Конгресс, ки хост ба Украина силоҳҳои монанди мушаки зиддитонкии "Ҷавелин" дода шавад, муқобил баромаданд. Онҳо гуфтанд, ин тасмим вазъро печидатар хоҳад кард.

Скапарротти гуфт, кишварҳои ҳамҷавори Русия бо шумули Украина ва Гурҷистон зидди амалҳои бадхоҳонаи Москва, аз ҷумла иқдомҳои низомии он мубориза мебаранд. Ба гуфтаи генерали амрикоӣ, ҳоло Русия аз як шарик ба мухолиф табдил ёфтааст, чун талош дорад дубора абарқудрати ҷаҳонӣ шавад.

Узви Кумитаи Палатаи намояндагони Конгресс дар умури қувваҳои мусаллаҳ Мак Торнберри ҳангоми суханрониаш дар ҷаласаи мазкур гуфт, яке аз ҳадафҳои Русия тақсим ва заиф гардонидани НАТО - комёбтарин эътилофи низомӣ дар таърих аст".