Президенти ИМА Доналд Трамп ваъда дод, ки ҳамроҳ бо ҳампаймонони кишвараш гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ)-ро маҳв хоҳад кард.

 "ДИ-ро маҳв карда, аз тамаддун ҳимоят мекунем. Мо интихоби дигаре надорем", - гуфтааст президент Трамп дар нишасти хабарии муштарак бо шоҳи Урдун  Абдулло II.

Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, раҳбари Кохи сафед ҳамчунин иброз доштааст, ки баъди шунидани хабари ҳамлаи кивиёвӣ дар шаҳри Хон-Шайхуни Сурия муносибаташ бо президент Башор Асад тағйир ёфт.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Сурия бо истифодаи силоҳи кимиёӣ "тамоми марзҳоро убур кард" ва ин барои ӯ "хатти сурх" аст.

Мухолифони Сурия 4 апрел хабар доданд, ки дар натиҷаи ҳамлае дар Хон-Шайхун даҳҳо одам ҷон дод. Ба гумони табибони маҳаллӣ, дар ин ҳамла гази фалаҷкунандаи аъсоб истифода шудааст. Шӯришгарон онро кори нерӯҳои ҳукумати Сурия меноманд.

ИМА ва кишварҳои Аврупо дар ин ҳамлаи кимиёӣ президент Башор Асадро айбдор карданд ва намояндаи доимии Амрико дар СММ Никки Ҳейлӣ гуфт, агар Шӯрои амният чора наандешад, Вашингтон зидди ҳукумати Сурия таҳрим ҷорӣ хоҳад кард.

Русия хабар дод, ки нерӯҳои ҳавоии Сурия 4 апрел анбори гулӯлаҳои заҳрогинро бомбаборон карданд. Бино ба фарзияи Москва, бо ин навъи таслиҳот террористон дар Сурия ва Ироқ таъмин шудаанд.