Аъзои порлумони Бритониё аз ҳукумати ин кишвар хостанд, то шаҳрвандии ҳамсари президенти Сурия Башор Асад бекор шавад. Порлумон гуфтааст, дар посух ба пуштибонии ҳамсари Башор Асад аз сиёсатҳои ҳукумати шавҳараш ин тасмим рӯи даст гирифта шавад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Том Брейк, узви порлумон аз Ҳизби либерал-демократии Бритониё Асмо Асад, ҳамсари Башор Асадро бо он айбдор кардааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо истифода аз насабаш "низоми ваҳшиёна"-и Сурияро ҳимоят мекунад. Асмо Асад, бонкдори пешин соли 2000-ум ҳамсари Башор Асад шуд. Вай дар Лондон дар хонаводаи зодагони Сурия ба дунё омадааст.

"Агар Асмо аз хунрезиҳои режими Асад пуштибониашро идома диҳад, ҳукумати Бритониё маҷбур мешавад, шаҳрвандии ӯро бекор кунад ва ё исбот намояд, ки амалҳои Асмо ба манфиатҳои асосии Бритониё зарари ҷиддӣ намерасонанд", - гуфтааст Брейк.

Гуфта мешавад, Асмо Асади 41-сола дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо истифода аз ному насаби воқеияш мухолифони ҳукумати шавҳарашро танқид мекунад. Брейк гуфтааст, бо ирсоли мактуби расмӣ аз вазорати корҳои дохилии Бритониё дархост мекунад, ки шаҳравндии Асмо бекор шавад. Аммо оё ин ниҳод ҳаққи бекор кардани шаҳрвадии Асморо дорад ё не, дақиқ нест.