Палатаи поёнии парлумони Олмон лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки дар он манъи пӯшидани ниқоб ва фаранҷӣ дар кор ба мансабдорони давлатӣ, судяҳо ва низомиён пешбинӣ шудааст. Дар ин бора Медуза бо истинод ба Deutsche Welle хабар медиҳад.

Пешниҳоди қабули лоиҳа бо он асоснок мешавад, ки сарпӯш (ниқоби)-е, ки рӯйро мепӯшонад, ба «принсипи бетарафӣ» мухолиф аст, ки онро бояд хизматчиёни давлатӣ риоя кунанд.

Дар лоиҳаи қонун ҳамчунин занони мусулмон ба аксгирӣ бо рӯи кушода барои ҳуҷҷатҳо уҳдадор мешаванд. Ғайр аз ин, онҳо бояд тибқи талаботи асосноки мақомоти интизомӣ рӯяшонро кушоянд, масалан барои тасдиқи шахсият зимни санҷиши ҳуҷҷатҳо.

Пеш аз мавриди амал қарор гирифтани лоиҳаи қонун, он бояд аз ҷониби палатаи болоии парлумони Олмон маъқул шуморида шавад. Дар як қатор кишварҳои Аврупо, масалан дар Австрия ва Нидерланд низ ба ин монанд қонунҳо қабул шудаанд.

Моҳи март Суди Аврупо қарор кард, ки агар дар қоидаҳои дохилии ташкилоту корхона намоиши рамзҳои мусулмонӣ манъ шуда бошад, корфармо ҳам метавонад пӯшидани ҳиҷобро дар кор манъ созад.

Тобистони соли 2016 ҳукуматдорони чанде аз шаҳрҳои Фаронса талош варзиданд, ки ба бар кардани сарулибоси махсуси оббозӣ барои занони мусулмон - буркиниро манъ кунанд. Зинаи олии судии Фаронса - Шӯрои давлатӣ амали манъи пӯшидани буркиниро боздошт.