ИМА нишонаҳои омодашавии Димишқро ба ҳамлаи нави кимиёӣ зидди сокинони Сурия бармало мебинад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин робита ИМА Башор Асад, президенти Сурияро огоҳ кардааст, ки ба ҳар ҳамлаи кимиёӣ "баҳои гарон" хоҳад пардохт.

Ба гуфтаи намояндагони Трамп, ИМА нишонаҳои ҳамлаи кимиёии монанд ба ҳамлаи пешинро, ки моҳи апрели соли ҷорӣ истифода шуда буд, ошкор кардааст. Иёлоти Муттаҳида он замон ба ин ҳамла бо мушакҳои болдори "Томагавк" посух дода буд. Мушакҳо фурудгоҳи низомиеро, ки онҷо силоҳи кимиёӣ нигаҳдорӣ мешуд, ҳадаф қарор доданд.

"Ҳамлаи кимиёие, ки Асад дар сар дорад, ба эҳтимоли зиёд аз ҳисоби сокинони осоишта, бо шумули кӯдакон, қурбонии зиёде ба бор меорад. Агар режими Димишқ ба ин амал даст занад, пас Асад ва артишаш аз ногувориҳои чашмгир дар амон нахоҳанд монд", - мегӯяд намояндаи Кохи сафед Шон Спайсер.

Баъд аз ҳарфҳои Спайсер, намояндаи доимии ИМА дар СММ Никки Хейлӣ низ ба ҳамин монанд изҳори назар кард. "Масъулияти ҳамлаи кимиёӣ ба дӯши Асад ва Русияву Эрон аст, ки ба Асад дар маҳвсозии сокинони Сурия кӯмак мекунанд", - гуфт Хейлӣ.