Лоиҳаи қонун ба коҳиши шумори муҳоҷирони қонунӣ аз 1 млн. то ба 500 ҳазор нафар нигаронида шудааст.
Президенти ИМА Доналд Трамп ҳамроҳи ду сенатор аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон лоиҳаи қонунеро, ки ба коҳиши шумори муҳоҷирати қонунӣ равона гардидааст, муаррифӣ кард. Дар ин бора «Голос Америки» хабар медиҳад.
«Ин санади қонунгузорӣ ғамхории мо нисбати оилаҳои муборизакунандаи амрикоиро нишон медиҳад, - гуфт Трамп. - Дар он эҳтиёҷоти онҳо ба ҷойи аввал ва Америка ба ҷойи аввал гузошта мешавад».
Гуфта мешавад, дар лоиҳаи қонуни мазкур ҳамчунин маҳдуд кардани роҳёбии хешовандони муҳоҷирон ба кишвар, бекор кардани лотереяи ба даст овардани раводид ва мушкил шудани ҷараёни гирифтани «грин-корт», ки ба иқомату кор дар ИМА имкон медиҳад, низ пешбинӣ шудааст.