Дар Миср бар асари бархӯрди қатораҳо 36 нафар ҳалок ва беш аз 100 тани дигар осеб дидаанд. Чанде аз вагонҳо аз роҳ баромада, чаппа шудаанд. Осебдидагон ба бемористонҳои маҳаллӣ мунтақил шудаанд.