Намояндаи вижаи президенти Русия дар Афғонистон Замир Кобулов гуфтааст, ниёзе ба ҳузури минбаъдаи низомиёни амрикоӣ дар хоки Афғонистон нест ва ИМА бояд нерӯҳои низомии худро аз хоки Афғонистон барорад.

"Маскав ҳиҷ гоҳ Амрикоро барои баровардани нерӯҳояш аз хоки Афғонистон саросема накарда буд. Вале чун низомиёни амрикоӣ коре ҳам карда наметавонанд, пас бигзор аз хоки Афғонистон берун оянд. Маъракаи Амрико дар Афғонистон ноком шуд", — хабар медиҳад Агентии иттилоотии Sputnik Тоҷикистон  бо такя ба маълумоти "Известия".

Ба гуфти сиёсатмадор, Афғонистон дар асл ба инкубатори теруриизми ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва иваз кардани низомиёни касбӣ  ба зархаридони ширкати хусусии низомӣ вазъро беҳтар нахоҳад кард.

"ИМА ноумед аст ва нақшаи иваз кардани ҳарбиёни касбӣ ба зархаридон-беақлист. Ин пайомади хуше нахоҳад дошт: зархаридон фирор хоҳанд кард", — қайд кард Кобулов.

Ёдрас мешавад, ки нерӯҳои низомии ИМА аз соли 2001 инҷониб дар хоки Афғонистон ҳузур доранд. Дар айни замон дар хоки Афғоистон 8,5 ҳазор низомии амрикоӣ ба сар мебарад. Вале ба ин нигоҳ накарда, ҳузури ИМА нафъе ба Афғонистон наовардааст.