Вазорати дифои Русия хабар дод, ки як генерали артиши ин кишвар, ки барои "анҷоми корҳои машваратдиҳӣ" ба артиш ва нерӯҳои давлатии Сурия дар он кишвар қарор дошт, дар ҷараёни даргирӣ, кушта шудааст.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ин баландпоятарин як мақоми низомии Русия аст, ки дар ҷараёни ҷанги Сурия кушта мешавад. Дар гузашта чанд афсари дигари Русия дар Сурия кушта шуда буданд.

Хабаргузории расмии "ТАСС" рӯзи якшанбеи 24-уми сентябр ба нақл аз вазорати дифои Русия гуфтааст, генерал-лейтенант Валерий Асапов "дар як маркази фармондеҳии артиши Сурия дар ҳоли ёри додан ба фармондеҳони суриягӣ, дар ҷараён амалиёт барои озодсозии Дайр Аз-Зур буд."

Русия яке аз ҳомиёни ҳукумати Сурия ба шумор меравад ва низомиёни рус аз нерӯҳои артиши режими Башор Асад дар ҷангҳои заминӣ ва ҳавоӣ, пуштибонӣ мекунанд.

Ба назар мерасад, марказе, ки генерал Асапов ва дигар мақомҳои низомӣ дар он ҳузур доштанд, ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст. Он тавр, ки гуфта мешавад, ин афсари рус дар пайи партоби мушак аз сӯи гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҷони худро аз даст додааст.

Хабаргузории "Интерфакс" навишт, ки генерал Асапов дар ҷараёни озодсозии Дайр Аз-Зур кушта шудааст. Вазорати дифои Русия гуфтааст, ба генерал Асапов медал тақдим хоҳад кард.