Гурӯҳи мушовирони амрикоии Soufan Center (SC) дар гузориши ахири худ Русияро бузургтарин кишвари содиркунандаи зархаридони хориҷӣ ба сафи гуруҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” (ДИ) номидааст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба хабаргузории РБК, дар гузориши гуруҳ қайд шуда, ки дар ҳоли ҳозир, ба ҷонибдорӣ аз ДИ 3 ҳазору 417 шаҳрванди Русия меҷанганд.

Дар раддабандии SC Арабистони Саудӣ (3224 нафар) дар мақоми дувум ва Урдун (3000 нафар) дар ҷойи севум қарор доранд. Ҷойи чаҳорумро Фаронса ва Тунис соҳиб шудаанд.

Ба гуфтаи коршиносон, мақомоти ин кишварҳоро бозгашти ҳамватанонашон аз Ироқу Сурия бояд нигарон кунад. Коршиносон ҳушдор додаанд, ки бозгашти ҷангиён ба ватан эҳтимол дорад, шумори амалҳои террористиро дар ин кишварҳо афзоиш диҳад.

Гуфта мешавад, ба ҳисоби SC, аз сафи ДИ то ба ҳол ба Русия 400 нафар, ба Арабистони Саудӣ 760 нафар, Урдун 250 нафар, Фаронса 271 нафар ва ба Тунис 800 нафар бозгаштаанд.

Президенти Русия  Владимир Путин моҳи феврали соли равон гуфт, ба ҷонибдорӣ аз ДИ дар Сурия ҳудуди 4 ҳазор шаҳрванди Русия ва наздики 5 ҳазор зодаи кишварҳои пасошӯравӣ меҷанганд.